Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дирӯз дар Ироқ дасти кам 40 нафар кушта шудаанд


Хабарҳои расида аз Ироқ ҳокии идомаи хушунатҳои пурқурбонӣ дар он кишваранд. Дирӯз дар хушунатҳои Ироқ дасти кам 40 нафар кушта шудаанд, аз ҷумла 14 узви як хонавода. Автобусе, ки ин 14 нафарро мебурд, дар Носирия, ҷануби Ироқ тӯъмаи инфиҷори бамби рӯироҳ шудааст.

Ҳамлаи интиҳорӣ тавассути мошини бамбгузоришуда алайҳи посгоҳи пулис дар минтақаи Зулияи вилояти Салоҳуддин ҳамин тавр, дасти кам 8 кушта барҷой гузошт. Як ҳамлаи пурқурбонӣ дар Мосул низ сурат гирифта, ва иддаи дигари мардум дар ҷараёни задухӯрди байни шибҳанизомиёни шиъа ва нирӯҳои амниятии Ироқ дар шаҳри Қут кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG