Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Покистон рӯзи 17 март ҷамъ мешавад


Бо дастури президенти Покистон Парвиз Мушарраф, қарор аст, нахустин иҷлосияи парлумони ин кишвар дар таърихи 17 март даъват шавад.

Дар интихоботи парлумонии моҳи феврал муттаҳидини Парвиз Мушарраф шикасти сахт хӯрданд ва аксари курсиҳои маҷлис ба аҳзоби мухолиф расид, ки метавонад мояи мухолифатҳо дар саҳнаи қудрати Покистон шавад.

Се рӯз пеш ду ҳизби умдаи мухолифи давлат – ҳизби мардумии марҳум Беназир Бҳутто ва ҳизби Навоз Шариф дар бораи ташкили як эътилоф ба хотири ташкили давлати ояндаи Покистон хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, дирӯз дар шаҳри Лоҳур дар асари ду таркиши маргталабонаи мошинҳои бамбгузоришуда дасти кам 25 нафар кушта шудаанд. Яке аз ин таркишҳо сохтмони ҳаштқабатаи як ниҳоди мубориза бо терроризмро тахриб карда ва мунҷар ба ҳалокати 21 нафар шудааст.

XS
SM
MD
LG