Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари бераводиди Амрико барои ду кишвари аврупойӣ


Эстонияву Латвия, ду ҷумҳурии Балтик фардо бояд қарордодҳоеро дар заминаи сафари шаҳрвандонашон ба ИМА бидуни раводид ба имзо расонанд. Майкл Чертоф, вазири амнияти дохилии ИМА бояд барои ширкат дар ин маросим ба Таллин ва Рига парвоз кунад. Қарордоди мазкур бояд то охири соли равон дар амал тадбиқ шавад. Ҷумҳурии Чех чанде пеш айнан чунин қарордодро ба имзо расонид. Аммо ин иқдом боиси танқидҳои Иттиҳодияи Аврупо шуд, ки гуфт, Бруссел бояд масъулияти ҳамоҳангкунии ин гуна умурро дошта бошад. Дар муқобили лағви низоми раводид, ин се кишвари аврупоӣ розӣ шуданд, ки дар ихтиёри Амрико иттилои ҳассоси марбут ба сайёҳони кишварашонро вогузор карда, маршалҳои нирӯҳои ҳавоии Амрико иҷозаи сафар бо ҳавопаймоҳои шахсиашонро ба ин давлатҳо дарёфт мекунанд.
XS
SM
MD
LG