Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте арӯсро мерабоянд...


Алина ном ҳамкори мо аз бахши қирғизии радиои Озодӣ дар Бишкек хотирпарешон вориди дафтари корӣ шуд. Ҳамкорон аз вай пурсиданд, магар ҳодисае рух дод, ки табъаш болида нест? Алина посух дод, ки рӯзи 8 март ҳамшираашро ҷавоне рабудааст ва дар ҳамин ҳол, онҳо дар вилояти Талас, 340 километрии Бишкек ба сар мебурдаанд.

Вай афзуд, волидони ҷавон шаби гузашта ба аҳли хонаводаашон хабари рабуда шудани духтарашонро расондаанд. Ба гуфтаи Алина, ҳамширааш ҳоло дар литсеи академикӣ таҳсил мекунад ва ҳанӯз шиноснома нагирифтааст. Ҳамкори мо афзуд, ки дар Қирғизистон ақди никоҳи расмӣ баъди синни ҳаждаҳ муқаррар шудааст ва то ҳаждаҳсолагӣ қонунгузориҳои кишвараш бастани ақди никоҳ ва издивоҷро мамнӯъ сохтааст.

Дар ҳамин ҳол, Хадича Умуралиева - ҳамоҳангсози клуби сиёсии занон, мақарраш дар Бишкек дар як сӯҳбати мизи гирд гуфт, вай борҳо шоҳиди оқибатҳои ногувори ин суннати мардум - арӯсрабоӣ шудааст.

Ба гуфтаи хонум Умуралиева, аммо занҳои зиёд низ дар амалиёти арӯсрабоӣ ширкат мекунанд. Хонум Умуралиева мегӯяд, ки онҳо дар баробари суханони нарму бонавозиш ҳамзамон арӯсро метарсонанд ва таъкид мекунанд, ки дар сурати розӣ нашуданаш обрӯи падару модарашро коста хоҳад кард. Ба гуфтаи мавсуф, падару модари арӯс низ ба хотири нигоҳ доштани эътибори хонаводагӣ маҷбуранд, ки ба компромисс раванд ва созиш кунанд.

Генерал-майор Темирхон Субанов - муовини вазири дохилаи Қирғизистон мегӯяд, рабудани арӯсро қонунгузориҳои кишвараш манъ кардааст. Ба гуфтаи Темирхон Субанов, афроди зиёд баъди рабудани арӯс ба кормандони ин ниҳод муроҷиат мекунанд ва кӯмак мехоҳанд. Вай гуфт, вале баъди рабудани арӯс даҳҳо оилаи дигар бунёд мешавад ва аз ин суннати ниёконӣ ҷилавгирӣ кардан чандон кори саҳл нест. Оқои Субанов гуфт, кормандони додситонӣ бояд аз ҳодисаҳои арӯсрабоӣ ҷилагирӣ кунанд.

Муовини вазири дохилаи Қирғизистон таъкид кард, ки вале ба ҳар сурат бидуни мувофиқаи тарафайн ҷавонписарон набояд зӯран арӯсро ба хонаашон баранд, ки хилофи қонун мебошад. Вале генерал-майор Темирхон Субанов нагуфт, ки чанд ҷавон ба далели арӯсрабоӣ мавриди ҷазо қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки ҳифзи суннатҳои миллӣ ногузир аст, вале замона дигар шудааст ва имрӯз ҷавонони қирғиз метавонанд, аз роҳи қонун ақди никоҳ банданд ва оила барпо кунанд.

XS
SM
MD
LG