Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоси Запатерро аз раъйдиҳандагон


Нахуствазири Испониё Хосе Луис Родригес Запатерро аз раъйдиҳандагон изҳори сипос кард, ки ӯро дигарбора ба ин мақом сазовор донистанд. Бар асоси натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ, ки рӯзи 9 март дар Испониё баргузор шуд, Ҳизби Сотсиалистии Запатерро 44 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва ҳамчун бузургтарин ҳизб дар порлумон боқӣ монд. Аммо дар палатаи поёнии порлумон Ҳизби Сотсиалист, курсиҳои кофиро ба даст наовард ва барои идораи ҳукумат бояд бо аҳзоби хурдтар эътилоф ташкил кунад. Ҳизби мухолифи ҳукумат Ҳизби Ҷунбиши Мардумии Испониё 40 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда ва соҳиби курсиҳои бештар дар порлумон шуд.

XS
SM
MD
LG