Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як шайх дар Ироқ


Дар вилояти ноороми Диёлои Ироқ имрӯз бар асари ду бомбгузории интиҳорӣ шаш нафар аз ҷумла сардори як қабила кушта ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Пулиси Ироқ гуфт, як зани маргталаби бомбгузор худро дар назди хонаи Шайх Ғазбон ал Кархӣ, ки раҳбари воҳиди амниятӣ дар шаҳри Канъон буд, мунфаҷир кард ва шаӣхро ҳамроҳ бо се тани дигар кушт. Дар ҳамлаи дуввум, бобмгузори маргталаб бомби бо худдоштаашро дар даромадгоҳи идораи пулиси шаҳри Шаҳрбон тарконидааст.

XS
SM
MD
LG