Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Сербистон имрӯз мунҳал мешавад


Интизор меравад, имрӯз кобинаи эътилофии вазирони Сербистон расман мунҳал кардани парлумон ва эълони интихоботи ҷадиди парлумониро пешниҳод кунад. Қарор аст, ин интихобот бо дастури раисиҷумҳур Борис Тадич дар тахминан 11 моҳи май даъват карда шавад.

Сарвазири Сербистон Воислав Коштунитса рӯзи шанбе гуфт, давлати эътилофии вай ба маҳзи ихтилофи пешомадаи назарҳо бар сари масъалаи истиқлолияти Косово байни вазирони сербгаро ва вазирони ғарбгаро ба кори худ дигар идома дода наметавонад.

Коштунитса ва муттаҳидинаш аз вазирони ғарбгаро даъват карданд, ба нишони эътироз ба эътирофи истиқлолияти Косово аз сӯи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо (ИА) музокироти узвияти Сербистон бо ин созмонро қатъ кунанд. Аммо вазирони ғарбгаро аз идомаи ин музокирот ҷонибдорӣ кардаанд.

Сербистон истиқлолияти Косово, қаламрави умдатан албанинишин ва дар гузашта тобеъи Белградро мухолиф бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ хонда, радд мекунад.

Косово дар моҳи феврал эълони истиқлолият кард ва бисёре аз кишварҳои Ғарб аз ин иқдом пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG