Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бут ба зиндон интиқол ёфт


Шаҳрванди Русия Виктор Бут, ки ду рӯз пеш дар Таиланд боздошт шуда буд, имрӯз ба зиндон интиқол ёфт. Додгоҳ мӯҳлати ҳабси муваққати ӯро барои 12 рӯз тамдид кард. Дар ҷараёни бозрасии пешакӣ Виктор Бут иттиҳоми қочоқи силоҳро ба гардан нагирифт.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида истирдоди Бут ба кишварро талаб доранд – Вошингтон ӯро дар талоши фурӯши силоҳ ба гурӯҳи мусаллаҳи ФАРК-и Колумбия муттаҳам мекунад. Гуфта мешавад, ки Виктор Бут дар даҳҳо созиши ғайриқонунии фурӯши силоҳ даст дорад ва ҳамзамон ба кишварҳои гуногуни аз офатҳои табиӣ зарардида кумаки башарӣ интиқол додааст.

Ба навиштаи бархе аз хабаргузориҳо, Виктор Бут зодаи шаҳри Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG