Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши зан дар ҷомиъаи Қирғизистон


Толейкан Исмоилова, раиси созмони қирғизистонии "Ҷомиъаи маданӣ алайҳи коррупсия"
Толейкан Исмоилова, раиси созмони қирғизистонии "Ҷомиъаи маданӣ алайҳи коррупсия"

Дар ин авохир ҳукумати Қирғизистон саъйу талош ба харҷ медиҳад, ки нақши зан дар ҷомиъаи ин кишвар беш аз пеш тавсиъа ёбад.

Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ, то инқилоби лолаии 24-уми марти соли 2005 дар Қирғизистон шумораи ками занҳо мақомоти раҳбариро ишғол мекарданд ва, гузашта аз ин, дар порлумони даъвати пешини Қирғизистон ягон зан соҳиби мандати депутатӣ нашуд.
Назира Тошмуҳаммедова, як коршиноси кишвар, ба бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» нақши занҳоро дар ҷомиъаи кишвараш хеле муҳим арзёбӣ кард. Ба бовари ӯ, зан ғайр аз он ки модар ва кадбонуи хона аст, боз метавонад вазифаҳои давлатиро низ бар дӯш дошта бошад. Дар ҳамин ҳол 24 курсии порлумони ин кишвар Жуқорғи Кенешро занҳо ишғол мекунанд.
Н. Тошмуҳаммедова мегӯяд, ки маҳз бо ташаббуси президент Қурмонбек Боқиев як идда зан ба мақомоти раҳбарии вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ пешбарӣ шуданд ва ин раванди нақшгузории занҳо дар ҷомиъаро тавсиъа хоҳад бахшид. Ӯ афзуд, таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ собит намудааст, ки ширкати зан дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоъиву фарҳангии ҷомиъаи ҳар кишвар фақат ба манфиъати кор аст.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки дар ҳамин ҳол дар аксари вилоятҳои кишвараш ноибони раисони ҳукумати вилоят ва ноҳияҳо аз ҳисоби занҳо таъйин шуданд.
Ба таъйиди вай, феълан фақат 65 дарсади мардони кишвараш аз ширкати занҳо дар умури давлатдорӣ тарафдорӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол мақоми раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ ва Раиси Додгоҳи олии Қирғизистонро занҳо ишғол мекунанд. Гузашта аз ин, раиси як кумитаи давлатӣ ва се вазорат низ дар Қирғизистон аз занҳо мебошанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти ин кишвар итминони хотир медиҳанд, теъдоди занҳо дар ҳаёти ҷомиъаи Қирғизистон аз ин ба баъд ҳам рӯ ба афзоиш хоҳад ниҳод.
XS
SM
MD
LG