Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташаннуҷ дар Ховари Миёна


Залмай Хализод, сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид хушантро дар Ховари Миёна маҳкум кард.
Залмай Хализод, сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид хушантро дар Ховари Миёна маҳкум кард.
Бузургсолтарини кушташудагон 26 ва ҷавонтаринашон 15-сола буданд, ки дар китобхонаи мадраса аз тарафи як шахси мусаллаҳ, ки дертар маълум шуд, фаластинӣ будааст, тирборон шуданд. Вай, ки аз дар даромадан замон аз силоҳи автоматӣ тирандозӣ кард, аз тарафи як афсари артиши Исроил, ки дар он минтақа мезист, кушта шуд.

Ин аввалин як чунин ҳамла дар Ерусалими чаҳор соли охир аст. Ҳадаф қарор гирифтани мактаби динии пур аз кудаку наврас низ сабаби вокуниши густарда гардид. Аз суи дигар ҳамла дар авҷи хушунатҳои ахири Ғазза ба амал омад, ки бар асари ҳамлаи артиши Исроил наздик ба 130 фаластинӣ кушта шуд ва қаблан аз мушаки фаластиниҳо як исроилӣ ба ҳалокат расида, сабаби ҳамла ба Ғазза гардид.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Исроил Авив Широн ин рӯйдодҳоро ҳалқаҳои як занҷир номид. Маҳмуд Аббос, раиси маъмурияти худгардони Фаластин ҳамла ба мадраси диниро маҳкум кард, аммо тарафдорони ҷунбиши Ҳамос, ки назорати Навори Ғаззаро дар даст дорад, онро "қаҳрамонй" ва вокуниши табиӣ ба қатли фаластиниҳо унвон карданд.

Бархе аз фаластиниҳо дар ғаза ба кӯчаҳо рехта, аз куштори нав дар Ерусалим истиқбол карданд. Дабири кулли СММ Бан Ги-мун, Бритониё, Фаронса, Иттиҳоди Аврупо, Канада ва Русия дар байни онҳое мебошанд, ки ҳамларо шадидан маҳкум карданд. Аммо Шӯрои амнияти Созмони Милал натавонист, дар тарҳи қатъномаи марбутаро ба тасвиб расонад, зеро кишвари Либӣ хост, ҳамлаи ҳавоӣ ва заминии Исроил ба Ғазза низ ба қатънома шомил гардад.

Сафири Амрико дар Созмони Милал, Залмай Халилзод аз ин амали Либӣ интиқод кард: "Ин амал мусоъадати Шӯрои амниятро ба таҳаввулоти мусбати Ховари Миёна мушкил мегардонад. Вале масъулияти ин бар дӯши онҳоест, ки ба чунин имконият монеъ шудаанд."

Вале ноиби сафири Либӣ дар Созмони Милал, Иброҳим Ал-Даббошӣ ба ҳамин лаҳн посух дод: "Барои мо ҷони ҳама инсонҳо як аст. Мо фақат як ҳодисаро қазоват намекунем. Мо аз куштор ҳарф мезанем. Ба назари мо набояд ягон абаринсон ва инсони навъи ду вуҷуд дошта бошад. Ба фикри мо, ҷони фаластиниҳо ҳам айни ҷони исроилиҳост."

Ирсоил ҳоло пажӯҳиш дорад, ки чигуна ин ҳамла имконпазир шудааст. Хабаргузориҳо аз ҳабси 10 нафар аз пайвандони марди ҳамлавар иттилоъ доданд. Бисёриҳо бар инанд, ки Исроил посух хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG