Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни табрикоти занони кишвар дар остонаи рӯзи байналмилалии занон аз онҳо изҳори сипос кард, ки ба гуфтаи ӯ рӯзҳои сахти зимистони имсолро бо сабру таҳаммул паси сар карданд. Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти мавҷуд дар Тоҷикистонро муваққатӣ номида ва ваъда дод, ки барои беҳбуди вазъи занон барномаҳои тоза амалӣ хоҳад кард. Вай ҳамчунин аз бонувони тоҷик даъват кард, дар маросимҳои суннатӣ харҷи зиёд накунанд.