Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нафту тило ҳамчунон боло меравад


Қимати бушкаи нафти хом дар бозорҳои байналмилалӣ боз ҳам афзуда, бори аввал аз марзи 105 доллар убур кардааст. Қимати тило низ ба таври бесобиқа боло рафта, нархи як унси тило болиғ аз 991 доллар шудааст.

Бо ин ҳол, қурби доллари амрикоӣ боз ҳам заъифтар шуда, акнун 1 евро, воҳиди пули Аврупо мусодифи 1 доллару 53 сент шудааст, ки низ бесобиқа мебошад.

Заъфи доллар як далели асолии афзоиши қимати маҳсулоте, чун нафту тило, ки бо доллар харидуфурӯш мешаванд, дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG