Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар-ТадАЗ» - дар Ҷоми раиси AFC


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, дар Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар гурӯҳи «А» ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Бозиҳои ин гурӯҳ рӯзҳои 20-ум, 22-вум ва 24-уми апрел дар варзишгоҳи «Дашрат»-и шаҳри Катмандуи Непал баргузор мешаванд. «Регар-ТадАЗ» нахуст бо тими ВАПДА-и Покистон ва баъдан бо тимҳои «Абахан»-и Бангладеш ва «Полис Клаб»-и Непал барои ба даст овардани роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё талош хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Тайван Пауэр»-и Тайван, «Нагакорп»-и Камбоҷа дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ 12-ум, 14-ум ва 16-уми апрел дар варзишгоҳи «Чаншан»-и пойтахти Тайван баргузор хоҳанд шуд.

Дар гурӯҳи «С» дастаҳои «Ишқобод»-и Ишқобод, «Канбавзой»-и Мянмар, «Транспорт Юнайтед»-и Бутан ва СК «Ратнам»-и Шри-Ланка рақобат хоҳанд кард. Бозиҳои ин гурӯҳ 23-вум, 25-ум ва 27-уми апрел дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка доир мегарданд.

Ғолибони ҳар се гурӯҳ ва беҳтарин даста байни тимҳои дар ҷойҳои дуввум қарор гирифта ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот (бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ) роҳхат мегиранд. Давраи ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё аз 19-ум то 21-уми сентябри соли 2008 дар яке аз кишварҳои ба марҳалаи ниҳоӣ роҳёфта баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG