Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Покистон парвандаи Зардориро лағв кард


Додгоҳи Покистон парвандаи Осиф Алӣ Зардорӣ, шавҳари Беназир Бҳутторо, ки ба ришваситонӣ муттаҳам мешуд, лағв кардааст. Ҳизби Бҳутто, бо вуҷуди кушта шудани раҳбараш дар як сӯъиқасд дар моҳи декабр, дар моҳи гузашта дар интихоботи парлумонӣ бар тарафдорони президент Парвиз Мушарраф ғолиб омада, ҷойи аввалро гирифт ва дар пай талаби аз мақом рафтани раҳбарони низомии кишварро пеш гузошт.

Қарори додгоҳи зидди фасод, ҳарчанд дар ҷомиаи Покистон ба гунаи зиддунақиз пазируфта мешавад, роҳи Зардорӣ ба сӯи касби қудратро ҳамвортар мекунад.

XS
SM
MD
LG