Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон музокирот бо Аврупоро радд кард


Эрон пешниҳоди музокироти ҷадид бо Иттиҳодияи Аврупо бар сари барномаҳои ҳастаияшро радд кард. Шӯрои Амнияти СММ рӯзи душанбе ба далели аз талаби қатъи ғанисозии ураниум саркашӣ кардани Эрон болои ин кишвар таҳримоти сангинтар эъмол карда, қудратҳои ҷаҳонӣ дар пай аз Хавйер Солана, раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо даъват карданд, музокирот бо раҳбари ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ Саид Ҷалилиро аз сар бигирад. Аммо матбуоти Эрон аз қавли раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод навишт, ки гуфтааст, Теҳрон дар оянда танҳо бо ожонси назорат бар нирӯи ҳастаии СММ музокирот хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG