Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 4 нафар бар асари як садама дар ноҳияи Айнӣ


Дар 155-километрии шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд садамаи автомобилӣ рух дод, ки ҷони 4 нафарро даррабуд.

Ба иттилоъи хабарнигори родиюи «Озодӣ», як автобуси мусофиркаши хатсайри Сарвода – Айнӣ дучори садама гардид, ки дар пайи худ 4 нафар ба ҳал расида беш аз 18 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнии воқиъа, автобус ғайричашмдошт аз хатти ҳаракати худ баромада, ба мошини боркаше бармехӯрад ва ба ҷарии канори ҷодда сарнагун мешавад.
Дар натиҷа 4 нафар дар ҷои ҳодиса дарҳол ҷон бохтанд, 18 нафари дигар дар бемористонҳои маҳаллӣ бистарӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG