Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд ҳам Косоворо эътироф кард


Шветсия ва Ҳолланд тасмим гирифтаанд, истиқлолияти Косоворо эътироф кунанд. Финландия низ гуфтааст, ки то поёни ҳафтаи ҷорӣ Косоворо ба расмият хоҳад шинохт. Пештар Дания ва Норвегия омодагии худ ба эътирофи истиқлолияти Косово аз Сербистонро изҳор карда буданд.

Косово истиқлолияташ аз Сербистонро дар 18 феврал эълон кард. Бо вуҷуди мухолифати Сербистон ва Русия, то кунун Амрико ва аксари кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо Косоворо расман ба ҳайси кишвари мустақил шинохтаанд.

XS
SM
MD
LG