Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳси шадид миёни "Газпром" ва "Нафтогаз"


Ширкати "Нафтогаз"-и Укроин эълом дошт, ки дар сурати аз сӯи "Газпром"-и Русия коҳиш додани содироти газ барои сокинони Укроин ҳаҷми интиқоли гази Русия аз тариқи қаламрави кишварро кам мекунад. Дар эъломияи ин ширкат омадааст, ки "Нафтогаз" интиқоли гази Русия ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро то он замоне кафолат хоҳад дод, ки ба амнияти энерҷии худи Укроин хатаре таҳдид намекунад.

Имрӯз ширкати "Газпром"-и Русия тасмим гирифт, ки содироти газ ба Укроинро коҳиш диҳад. Акнун сокинони кишвари ҳамсоя аз Русия назар ба моҳҳои пеш ду баробар камтар газ мегиранд. Сергей Куприянов, намояндаи "Газпром" гуфт, ки аз як сӯ мавзӯъи пардохти қарзи Укроин барои гази Русия ҳалношуда боқӣ мондааст ва аз сӯи дигар ҷонибҳо қарордод дар бораи содироти газ дар соли равонро имзо накардаанд. Ширкати "Нафтогаз"-и Укроин мегӯяд, ки мушкил аз сӯи ширкатҳои миёнарав эҷод шудааст.
XS
SM
MD
LG