Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳиши сомонӣ: ба кӣ зиёну ба кӣ фоида…


Дар пайи ҷаҳиши ногаҳонии қурби пули тоҷикии сомонӣ дар баробари доллари ИМ рӯзи чаҳоруми март вазъ дар дӯконҳои саррофии Суғд нисбатан ба эътидол омад.

Аз рӯи қурби нав сад доллари амрикоӣ бар ивази 343 сомонӣ харида ва ба 346 сомонӣ фурӯхта мешуд. Бо ин вуҷуд, бо таъсири ҷаҳиши нобаҳангоми қурби сомонӣ саррофон бештар моил буданд аз мизоҷон асъори хориҷии доллари амрикоӣ, рубли русӣ ва евро харидорӣ кунанд. Аз чаҳор дӯкони саррофии Хуҷанд, ки бар ивази сомонӣ доллар талаб кардам, танҳо дар як дӯкон ба инчунин муомила розӣ шуданд. Вале саррофони дуконҳои дигар мегуфтанд, ки доллар надоранд.

Зимнан, ба гуфтаи саррофон, болоравии қурби сомонӣ дар Суғд ба арзиши рубл ва евро дар баробари сомонӣ таъсир нагузоштааст. Акмалхон, як саррофи бозори Панҷшанбеи Хуҷанд гуфт, аз рӯзи душанбе (3 март) ба ин сӯ дар дӯконҳои саррофӣ мизоҷон бо хавотирӣ аз он ки қурби долларҳои амрикоӣ боз ҳам поин хоҳад рафт, долларҳои худро иваз мекунанд. Ба гуфтаи тоҷирон ва саррофони бозори Панҷшанбеи Хуҷанд, болоравии нобаҳангоми қурби пули тоҷикии сомонӣ дар баробари доллари ИМ кори тоҷирону саррофони бозорҳои умдафурӯшӣ ва саррофони Суғдро дучори беназмӣ ва мушкил кардааст.

Дар субҳи рӯзи шанбеи якуми март бонкҳо ва дуконҳои саррофии Хуҷанд арзиши сомониро дар муқобили доллар якбора боло бурданд ва 340 сомонӣ дар баробари 100 доллари Иёлоти Муттаҳида қарор гирифт. Ҳол он ки дар рӯзи ҷумъаи 29 феврал 100 доллари амрикоӣ ба 350 сомонӣ фурӯхта ва ба 351 сомонӣ харида мешуд. Ба гуфтаи саррофон, дар рӯзҳои шанбеву якшанбе кори дӯконҳои саррофӣ заъиф гашт – аз як сӯ, саррофон намехостанд долларро ба фурӯш гузоранд, аз сӯи дигар, харидорон низ бештар толиби доллар буданд.

Бисабоҳат ном як зани соҳиби мағозаи либосфурӯшӣ дар бозори Панҷшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин бозии қурби пули тоҷикии сомонӣ вай хавотир аст. Хонум Бисабоҳат афзуд, ки дар ин рӯзҳо писараш маблағҳои онҳоро аз пули сомонӣ бо пешина қурби баланд ба доллар иваз карда, барои овардани молу коло ба бозори умдафурӯшии Бишкек рафтааст. Вай дар ҳоле бармегардад, ки қурби доллар хеле поин рафтааст ва мумкин аст, молҳои овардаи вай бо нархи аслиаш ба фурӯш наравад.

Тоҷирони бозори Панҷшанбе мегӯянд, ки агар ин ҳолат боз чанд рӯзи дигар идома ёбад, нархи амвол дар бозорҳо баланд хоҳад рафт. Аммо ба сурати умум, пастравии қурби доллар дар ин чанд рӯз ба арзиши молу коло дар бозорҳои Суғд таъсири чашмрасе нагузоштааст. Зеро тоҷирон аз фурӯши молу колои худ ба доллари амрикоӣ даст кашида, асосан ба сомонӣ савдо мекунанд. Бо ҳамон нархҳое, ки аз рӯи қурби сад доллар дар баробари 350 сомонӣ ба молҳои худ қаблан гузоштаанд. Табиист, онҳое зарар мекашанд, ки доллари амрикоиро иваз мекунанд ва ё бо доллар чиз мехаранд.

Беқурбшавии доллари ИМ дар баробари сомонӣ нигаронии коршиносону таҳлилгарон ва тоҷирони Суғдро ба бор овардааст. Як тоҷири умдафурӯши Хуҷанд - Саидаъзам, ки гуфт, аз Чину Дубай ва Истаравшану Бишкек умдатан бо доллари амрикоӣ молу коло меорад, болоравии қурби сомониро бар асари як иқдоми маснуъии бонкдорони Тоҷикистон хонд. Ба назари вай, аз ин гуна иқдом танҳо бонкдорон манфиати иқтисодӣ мебинанд, вале дар пай беқурбшавии пули миллии сомониро амиқтар мебаранд. Аммо Саидаъзам ингуна ҷаҳишҳои сунъии сомониро кӯтоҳмуддат мехонад, зеро худи бонкдорон ҳам, ки дар амалиёти бонкии худ, аз ҷумла додани қарзҳо ба корхонаву хоҷагиҳо ва нафарони алоҳида аз доллари ИМ кор мебаранд, манфиатдор нестанд қурби доллари амрикоӣ дар муқобили сомонӣ ба таври собит паст равад. Дар он сурат зимни бозпас гирифтани қарз худи бонкҳо низ зарар мебинанд.

Аммо Бонки миллии Тоҷикистон то ҳол иллатҳои аслии ҷаҳиши қурби сомониро расман ба сокинони ин кишвар баён надоштааст. Аз ин рӯ, фарзияву тахминҳои зиёде дар ин бора дар миёни сокинони Суғд паҳн шудааст. Аз ҷумла, мусоҳибам мегӯяд, эҳтимол дорад ингуна баландбарии маснуъии қурби пули сомонӣ дар баробари доллари ИМ дар давраи қарзгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ аз бонкҳои Тоҷикистон ба авҷи аълои худ бирасад. Яъне, бонкҳои Тоҷикистон маблағҳои қарзро бо қурби пасти маснуъии доллар ба кишоварзон медиҳанд, аммо баъд дар тирамоҳ бо қурби боз ҳам маснуъии хеле баланд аз деҳқонон бозпас мерӯёнанд.

XS
SM
MD
LG