Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии дабири кулли СММ дар бораи Арманистон


Дабири кулли СММ Бан Ги Мун дар бораи хушунатҳои ахири Арманистон, ки дар Ереван мунҷар ба ҳалокати 8 нафар шуд, изҳори нигаронии амиқ карда ва хостори таҳқиқи фарогири ин ҳаводис шудааст.

Бан Ги Мун ҳамчунин аз мақомоти Арманистон даъват кард, ба хотири дубора оддӣ сохтани авзоъ тамоми тадобири лозимро биандешанд. Дабири кулли СММ лағви базудии вазъи фавқулоддаро, ки раисиҷумҳури Арманистон Роберт Кочариён дар пайи хушунатҳои пурқурбонии шаби шанбе ҷорӣ кард, аз ҷумлаи ин тадобир хондааст.

Дар ҳамин ҳол, ёвари вазири хориҷаи Амрико Мэтю Бриза дар роҳ ба Арманистон қарор дорад. Ҳадафи сафари ӯ ба музокирот ташвиқ кардани давлат ва мухолифини арманист. Фиристодаи хоси САҲА Ҳейки Талвитти дар ҳамин ҳол дар Ереван гуфтааст, ӯ шонси чунин музокирот ба хотири хатми таниши уфтода байни давлат ва мухолифинро андак мебинад.

Вазъ дар Арманистон дар пайи интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ, ки ба нафъи сарвазири феълиаш Серж Саркисиён анҷомид, ба хушунат печид. Мухолифин натоиҷи интихобот ва пирӯзии Саркисиёнро эътироф накарданд.

XS
SM
MD
LG