Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Укроин мегӯяд, хостори "ҷанги газ" бо Русия нест


Президенти Укроин, Виктор Юшченко, имрӯз пешниҳод кард, ба хотири пешгирӣ аз "ҷанги газ" бо Русия гуфтушунид бо ширкати давлати "Газпром"-и Русия идома дода шавад. Вай ин мавзӯъро дар мулоқот бо сарвазири укроин Юлия Тимошенко дар ҳоле баррасӣ кард, ки Маскав интиқоли газ ба Украинро 25 дарсад коҳиш додааст. Ширкати "Газпром" ин иқдоми худро ба пардохт нашудани 600 миллион доллар нархи газ аз тарафи Укроин бастагӣ медиҳад.
XS
SM
MD
LG