Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нави барномаи ҳастаии Эрон дар Вена


Ҷаласаи навбатии Шурои мудирон дар Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ имрӯз дар Вена боз ба фаъолиятҳои ҳастаии Эронро тамаркуз хоҳад кард. Бунгоҳи мазкур аз беҷавоб мондани чандин суоли марбут ба барномаи ҳастаии Эрон дар ташвиш аст ва мехоҳад, Теҳрон ба онҳо посух бидиҳад. Аммо фиристодаи аршади Эрон дар Бунгоҳи нерӯи ҳастаӣ, Алиасғар Султония мегӯяд, кишвараш ба пурсишҳои иктишофӣ дар бобати барномаи ҳастаӣ посух нахоҳад дод: "Ин аснод ва ё иттиҳомот сохта ва тақаллубиянд. Бо вуҷуди ин мо ҳамкории худ ва беҳтарин тафоҳум бо бунгоҳро пешниҳод кардем. Мо аллакай ду ҷаласаи пурмуҳтаво бо бунгоҳ доштем ва ба ҳама пурсишҳо посух дода, натиҷагирии худро ба бунгоҳ пешниҳод намудем."
XS
SM
MD
LG