Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов: орзуи ман – ба даст овардани медали олимпӣ


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» аз студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе тақдими шумо мегардад.

Барномаи навбатӣ ба рӯзгору дастовардҳои муштзани моҳири тоҷик, устоди дараҷаи байнулмилалӣ Анвар Юнусов бахшида мешавад.

Ӯ дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиёӣ дар Тайланд дар вазни то 51 кг дар рақобати ниманиҳоӣ бар Пак Ҷонг Чол, аз Куриёи Шимолӣ, аз рӯи имтиёз бо натиҷаи 15:3 дастболо шуда, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт ва соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 гардид. Сипас вай дар рақобати ниҳоӣ намояндаи Куриёи Ҷанубӣ Ли Ок Сунгро бо натиҷаи 16:8 шикаст дода, мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз шуд.

Анвар Юнусов, ки дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, 7 сол инҷониб ба бокс машғул аст. Вай мегӯяд: «Ман мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзиширо хатм кардаам. Ҳоло дар бахши севуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳсил мекунам. Ба бокс аз хурдсолӣ шавқу рағбати зиёд доштам. Бинобар ин барои сайқал додани маҳорати худ дар мактаби махсуси бокси шаҳри Душанбе тамрин мекардам. Ҳамзамон дар мусобиқоти мухталифи шаҳриву ҷумҳуриявӣ байни наврасон ширкат варзида, борҳо ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаам.

Феълан дар бошгоҳи «Сомон-спорт»-и Душанбе таҳти раҳбарии мураббии варзида Мирзо Шамсиев тамрин карда, ба Олимпиадаи Пекин омодагӣ мебинам.»

Анвар Юнусов дар ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Чин, Туркия, Тайланд ва ғайра шарафи кишварро муваффақона ҳимоя кардааст. Ӯ соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шудааст. Анвар Юнусов ба қатори даҳ нафар беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2007 шомил гардида, аз ҷониби раисиҷумҳур бо мукофоти пулӣ ба маблағи 3, 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шудааст. Вай гуфт: «Як орзуи ман ба даст овардани роҳхати олимпӣ буд, ки амалӣ гардид. Орзуи дуввуми ман ба даст овардани медали олимпӣ мебошад. Барои ноил шудан ба ин мақсади худ дар айни ҳол аз рӯи барномаи махсуси тартибдодаи устодам тамрин мекунам. Ният дорам, ки дастикам дар ду мусобиқаи бокси аврупоӣ ширкат намоям. Зеро дар мусобиқоти бокси осиёӣ бисёр иштирок кардам, вале ба ман таҷрибаи сабқати аврупоӣ намерасад.»

Ба гуфтаи Анвар Юнусов рақибони аслии ӯ дар вазни 51 кг зӯртарин муштзанҳои ҷаҳон аз Русия, Куба, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбакистон, Куриёи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо мебошанд: «Ман ва устодам аллакай ҳамаи рақибони худро медонем. Онҳоро ҳамаҷониба меомӯзем ва тибқи нақшаи тартибдодаамон амал хоҳем кард. Вале мушкилоти аслӣ ин аст, ки ман дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар хориҷи кишвар, мутаассифона, бинобар камбуди маблағ ҳар дафъа бе мураббии худ ширкат меварзам. Ва аммо дар ҷараёни рақобатҳо ба маслиҳат ва дастгирии устодам хеле ниёз дорам.»

Мирзо Шамсиев, устоди Анвар Юнусов иброз дошт, вақте ки шогирдаш дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Тайланд барои дарёфти роҳхати олимпӣ талош мекард, ҳамарӯза тавассути телефон бо ӯ дар тамос мешуд. Ӯ афзуд: «Вазифаи мо дар Тайланд роҳ ёфтан ба сабқати ниҳоӣ буд. Бо хоҳиши ман ӯ тавассути телефон дар бораи рақибонаш, яъне қаду баст, андом, бо кадом даст бештар зарба мезанад ва ғайра маълумоти дақиқ медод. Мо нақшаи муҳорибаи ояндаро бо чунин муштзан таҳия мекардем.»

Вале ба гуфтаи Мирзо Шамсиев барои кӯмаку дастгирии ҳамаҷониба ва рӯҳбаландии шогирдаш хуб мебуд, ӯро дар сафарҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ мекард.

Анвар Юнусов шогирди бошгоҳи варзишии «Сомон-спорт»-и шаҳри Душанбе мебошад. Раиси ин бошгоҳ Сайфулло Ҳабибов дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ, аз ҷумла чунин иброз дошт: «Дар мавриди муносибати дуруст ба машқҳо ва ҷамъомади таълимиву тамринӣ мо метавонем ба он умед бандем, ки муштзанҳои тоҷик, аз ҷумла, Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов барандагони медалҳои олимпӣ хоҳанд шуд."


Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG