Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон боз ду манораи телефониро тахриб кардаанд


Ҷангиёни Толибон боз ду манораи пахши сигнали ширкатҳои телефони мобайлро дар ҷануби Афғонистон ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Мақомот мегӯянд, Толибон пойгоҳи манораи телефонҳо дар шаҳри Қандаҳорро оташ зада, як манораи дигарро дар улусволии Сангини вилояти Ҳилманд тахриб кардаанд.

Сухангӯи Толибон рӯзи душанбеи гузашта гуфта буд, нирӯҳои паймони низомии НАТО аз сигнали телефонҳои мобайл ба хотири кашфи паноҳгоҳ ва таъқиби ҷангиён истифода мекунанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба ин далел аз ширкатҳои телефонӣ талаб карда буд, дар зарфи 3 рӯз пахши сигналҳои худро дар соъоти шабонгоҳӣ қатъ кунад, вагарна ҷангиёни Толибон манораҳо ва дафтарҳои кори ин ширкатҳоро ҳадафи ҳамла қарор хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG