Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи САҲА - миёнҷии бӯҳрони Арманистон


САҲА фиристодаи вижаи худро ба Ереван равон мекунад, то ки дар бӯҳрони сиёсии баамаломада миёнҷигӣ кунад. Сафири САҲА Ҳейки Талвитие ният дорад бо раҳбарони ҳар ду ҷониб - раиси ҷумҳурии тозаинтихобшуда Серж Саркисян ва раҳбари мухолифин Левон Тер-Петросян мулоқот кунад. Рӯзи шанбе созмони Дидбони ҳуқуқи башар Ҳюман Райтс Вотч полиси Арманистонро барои истифодаи аз ҳад зиёди нирӯ ва хушунат алайҳи тазоҳургарон айбдор кард.

XS
SM
MD
LG