Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати Русия ба иқдоми Аврупо дар Косово


Сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид сафари тарҳрезишудаи ҳайати вижаи Иттиҳоди Аврупо ба Косоворо ғайриқонунӣ номид. Виталий Чуркин гуфт, қатъномаи соли 1999-и идораи вилояти Сербия аз тарафи Созмони Милал бекор нашуда, намояндагии ин ниҳод дар Косово боқӣ мемонад. Сарони Иттиҳоди Аврупо ба созиш расиданд, ки баъд аз эъомияи якҷонибаи истиқлолияти Косово маъмурияти Созмони Милал дар Косоворо бо як ҳайати 1800-нафарии полис ва додгустарӣ иваз кунанд. Косово рӯзи 17-уми феврал худро мустақил аз Сербия эълон кард.
XS
SM
MD
LG