Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲСДТ: Буҳрони кишвар аз бемасъулиятии давлат аст


Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ
Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ

Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон бо интишори як баёния давлати Тоҷикистонро дар бемасъулиятӣ ва бесалоҳиятӣ муттаҳам кардааст.

Дар ин санад 15 соли даврони раёсати ҷумҳурӣ дар кишвар бенатиҷа ва бесамар арзёбӣ шуда, ҳамзамон таъкид мешавад, ки тӯли ин муддат кишвар бо буҳрони сиёсӣ рӯбарӯст ва дар чанд соли ахир ба далели тавсиъаи фасод дар миёни мақомот ва истифода аз шеваҳои қавмсолорӣ дар идораи давлат ин буҳрон амиқтар шудааст.
Зимни интишори ин баёния Ҳизби сосиал-демократ давлати Тоҷикистонро дар бурузи буҳрони идорӣ муттаҳҳам карда ва гуфтааст, ки Тоҷикистон дар солҳои истиқлоли худ, яъне аз соли 1991 то имрӯз, аз вазъи буҳрони иҷтимоъиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ раҳо нашудаааст ва баракс сол то сол ин буҳрон бо ашколи гуногун амиқтар мешавад.
Дар ин баёния аз имзои санади Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ ба уновни танҳо дастоварди мусбат дар ин давра ёдоварӣ шуда, вале ҳамзамон таъкид мешавад, ки ҳадафи аслии он дар солҳои фаъъолияти Кумисиюни Оштии Миллӣ коста гардид.
Дар баёния номутобиқатии ислоҳоти конститутсионӣ бо манофеъи мардум, бесамар будани ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсати нодурусти кадрӣ, таназзули фарҳангу маориф, тороҷи моликияти миллӣ аз тариқи хусусигардонии ношаффоф, афзоиши раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишвар ба хориҷи он, эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи фаъъолияти бисёрҳизбӣ ва баргузории интихоботҳои ғайридемократӣ, ва, ҳамин тавр, густариши фасод аз манобеъи бурузи буҳрони идорӣ дар кишвар арзёбӣ шудаааст.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, изҳор намуд, ки вазъи ба амаломада дар кишвар ва махсусан дар зимистони имсола, ки мардумро дар ҳолати изтироб ва ниҳоят бад қарор дод, шаҳодати бемасъулиятӣ ва ноуҳдабароии мақомот аст. Оқои Зоиров гуфт, танҳо ба ин далел, ки вазъият дар кишвар бештар аз ин ташвишовар нашавад баёнияи ҳизбро бо каме таъхир интишор кардааст.
Баёнияи ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, аз аҳзоби мунтақиди давлати Тоҷикистон, дар ҳоле мунташир мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии ин кишвар ба ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъъолияти як соли ахири ҳукумат дар моҳи гузашта барои аввалин бор иқрор кард, ки давлат натавонистааст таййи ин 15 сол ба мушкилоти мардум расидагии дуруст дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд дар ин ҷаласа ангушти иттиҳомро сӯи масъулони ниҳодҳои давлат гузошт, вале коршиносон, бо таваҷуҳ ба истифодаи таъбири «понздаҳ сол» дар суханронии вай, мегӯянд, ки дар ин миён ӯ худро низ дар назар доштааст.
Дар баёния Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон аз давлати кишвар тақозо мешавад, ки фаъъолияти худ дар 16 соли гузаштаро таҳлил ва аз вазъи буҳронии ҷомиъа ба мардум гузориши мунсифона ва шаффоф диҳад.
Зимнан, ин барои бори аввал нест, ки Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон бо интишори баёния давлатро дар амалкарди нодуруст масъул меҳисобад. Аммо то кунун мақомот ба баёнияҳои ин ҳизб расман вокуниш нишон надодааст.
Ин дар ҳолест, ки ба пиндори Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ин ҳизб, ӯ мутмаин аст, ки ин бор низ давлат посух хоҳад гуфт. Дар сурати ғайр сукут аломати ризоро доштааст, ки он бар суди давлат нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG