Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии гаравгонҳо баъди шаш соли асорат


Шӯришиёни гурӯҳи марксистии FARC (Нирӯҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия) чаҳор гаравгони колумбиягиро ба ҳайати Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва намояндаҳои ҳукумати Венесуэлаи ҳамсоя таслим карданд. Раҳбари Салиби Сурх дар Колумбия Барбара Ҳинтерман гуфт, ки чархбол нафарони озодшударо ба пойтахти Венесуэла шаҳри Каракас интиқол медиҳад ва дар он ҷо онҳо ба аҳли хонаводаи худ мепайванданд. Гурӯҳи гаравгонҳо иборат аз се мард ва як зан ҳама сиёсатмадор ҳастанд, ки шаш соли пеш рабуда шуданд. Ҳамаи онҳо ба муолиҷаи тиббӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG