Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Исроил болои биноҳои ҳукуматии фаластиниҳо


Ҳавопаймоҳои Исроил болои биноҳои ҳукумати зери назорати Ҳамос дар минтақаи Ғазза ҳамла карданд. Дар ҷараёни ин ҳамла аз ҷумла идораи сарвазири фаластиниҳо Исмоил Ҳания ҳадаф қарор гирифт.
Тибқи гузоришҳо дар ин амалиёт як кӯдак ҳалок шуда, беш аз 30 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Пеш аз он ҷангҷӯёни фаластинӣ ба манотиқи ҷанубии Исроил камаш 50 мушак партоб намуда, дар шаҳри Сдерот як нафарро ба қатл расонда буданд.
Ҳамлаи фаластиниҳо ҷавоб ба ҳамлаи ҳавоии Исроил буд, ки боиси марги шаш фаластинӣ дар Ғазза шуда буд.
XS
SM
MD
LG