Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Теъдоди довталабони ҷоизаи сулҳи Нобел афзоиш ёфт

Ҷейр Линдестад, раиси Институти Нобели Норвегия изҳор кард, ки 197 нафар довталаби Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2008 уманд. Гуфта мешавад, ки аз ин қабл фақат се сол пеш чунин теъдоди бузурги номзадҳо сабти ном шуда буд. Алҳол ному насаби номзадҳо махфӣ нигаҳ дошта мешавад ва аммо, тибқи баъзе хабарҳо, миёни довталабон раисиҷумҳури собиқи Финландия Мартӣ Ахтисаарӣ, канслери собиқи Олмон Ҳелмут Кол ва дигарандеш аз Куба Освалдо Пайа низ ҳастанд. Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел 10 октябр эълон мешавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Машқи сарбозони эҳтиётӣ дар тамрингоҳи Леваканд

Машқи сарбозони эҳтиётӣ. Наворро корбарон фиристоданд

Мақомоти шаҳри Леваканд (Сарбанди собиқ) дар вилояти Хатлон рӯзи 29-уми июл ҳудуди ҳазор сарбози эҳтиётиро ба машқҳои ҳарбӣ ҷалб кардаанд.

Машқи ҳарбӣ, аз ҷумла тирандозӣ аз "Калашников", дар тамрингоҳи қисми ҳарбии Файзалӣ Саидов доир шудааст. Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани чанд порча навор аз ҷараёни машқу тирандозиҳо гуфтанд, "бо даъвати комиссариати ҳарбии шаҳри Леваканд ба машқҳо ҳозир шуданд".

Ин машқу тамринҳои афсару сарбозони эҳтиётӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 5-уми июл супориш дод, 20 ҳазор афсари эҳтиётӣ ба марзи кишвар бо Афғонистон ҷалб шаванд.

Дар ду моҳи охир ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Толибон чандин минатқаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 900 километр хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати Толибон қарор дорад ва эҳтимол паноҳҷӯёни бештаре вориди кишвар шаванд.

ФСБ гуфт, аз як ҳамлаи эҳтимолии террористӣ дар Русия пешгирӣ кардааст

Акс аз бойгонӣ

Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) хабар дод, ки дар натиҷаи як амалиёт дар Тюмен ду гумонбар ба терроризмро нобуд кардаанд.

Дар хабари расмӣ омадааст, кушташудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, гуё нақша доштаанд дар маконҳои серодам ҳамлаҳои террористӣ анҷом бидиҳанд. Санҷидани дурустии ин иддао имкон надорад.

Мақомоти Русия ному ҷузъиёти дигари марбут ба гумонбаронро нашр намекунанд. То ҳоло мавқеи наздикони кушташудаҳо дар бораи ин ҳодиса дастрас нашудааст.

Ба навиштаи Хадамоти амнияти федеролӣ, гуё ин афрод узви эҳтимолии гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" буда, шаби 28-уми июл дар амалиёти боздошт ба ходимони ҳифзи ҳуқуқ муқовимат кардаву норинҷакро таркондаанд. Ба иттилои расмӣ, "ҳарду гумонбар ҳангоми задухӯрд нобуд карда шуданд. Аз онҳо лавозимоти ҷангӣ, силоҳҳои оташфишон, маводи омодаи тарканда ва адабиёти динӣ дарёфт шуд."

То куҷо воқеият доштани ин ҳодиса маълум нест, чун дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар бораи саҳнасозӣ будани баъзе аз чунин боздоштҳо таъкид кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, полис ба хотири боло нишон додани омори пешгириву боздошти гумонбарони терроризм гоҳо даст ба сохтакорӣ мезанад ва заифтарин қишри ҷомеа - муҳоҷирони кориро дар қабои террористу ҷинояткор муаррифӣ мекунад.

Афзоиши бесобиқаи нархи бензин дар Тоҷикистон

Як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ ба таври бесобиқа боло рафтааст. Тибқи рақамҳои Кумитаи омор, танҳо дар як моҳи охир дар тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ арзиши бензин 2,2 дарсад афзуд. Аз аввали сол нархи чаканаи ин навъи маводи сӯхт беш аз 44 фоиз гарон шудааст. Ронандагон дар Тоҷикистон бештар аз ҳама бензини навъи 92-ро мехаранд, зеро нархи он нисбат ба навъҳои 95 ва 98-и бензин арзонтар аст. Феълан арзиши як литр бензини навъи 92 дар пойтахт 9,5 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ арзиши гази моеъ беш аз 20 дар сад ва аз сӯзишвории дизелӣ ҳудуди 32 дар сад гарон шудааст.

Боздошти даҳҳо нафар баъди ҷанги гурӯҳии тоҷику чечентаборҳо

Екатеринбург. Моҷарои гурӯҳии миёни муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баъди занозании гурӯҳӣ миёни зодагони Тоҷикистону Чеченистон 70 нафарро боздошт намуда, 13 тани онҳоро ба шӯъбаи пулис бурдаанд. Хабаргузории русии "Фонтанка" менависад, ҷанҷол субҳи 29-уми июл дар наздикии меҳмонхонаи "Белые ночи" ба амал омадааст. Тибқи иттилои пешакӣ, ҷанҷоли маишӣ миёни бошандагони меҳмонхона - шаш марди чечентабор ва чор шаҳрванди Тоҷикистон ба амал омадааст. Муноқишаи лафзӣ ба задухӯрд печидааст, ки дар натиҷа ду нафар аз ширкаткунандагон аз сарашон осеб дида, ба бемористон бурда шуданд. Ба 6 нафари дигар дар ҷойи ҳодиса кӯмаки тиббӣ расонда шудааст. Кормандони пулис ширканкунандагони ҷанҷол ва 70 нафар бошандагони меҳмонхонаро, ки зодагони Тоҷикистон ва Узбекистон буданд, дастгир карданд. Як рӯз пеш аз ин вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ки минбаъд муҳоҷирон барои иштирок дар занозаниҳои гурӯҳӣ аз қаламрави кишвар депорт ва роҳашон ба ин давлат барои якумрӣ баста мешавад.

HRW ба мақомоти Эрон: эътирозгаронро озод кунед

Исфаҳони Эрон. Сокинон оби ошомиданиро аз мошин мегиранд

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) аз мақомоти Эрон тақозо кард, ки эътирозгарони боздоштшударо, ки барои ширкат дар намоиши эътирозии Хузистон ва дигар манотиқи ин кишвар ва норизоият аз камбуди об ва мушкилоти иқтисодӣ ҳабс шуданд, озод кунанд. Дар изҳороти ин созмон тақозо шудааст, ки истифодаи нирӯ бар зидди эътирозгарон ҳам таҳқиқ шавад.

Рӯзи 15 июл дар даҳҳо шаҳру манотиқи вилояти Хузистони Эрон, ки ҷамъияти калони арабҳо дар он зиндагӣ мекунад, эътирозҳо бархост ва базудӣ ба дигар манотиқи ин кишвар, аз ҷумла, бархе қисматҳои Теҳрон паҳн шуд. Эътирози мардум аз он ҷо маншаъ мегирад, ки дар давоми 50 соли охир мушкили дастрасӣ ба об ва таъмини аҳолӣ бо барқ амиқтар шудааст.

Ҳазорҳо корманди соҳаи нафти Эрон ҳам бо талаби даромад ва маоши беҳтар даст ба коршиканӣ заданд. Дар ду ҳафтаи ахир дар Эрон дастикам нӯҳ эътирозгар кушта шуданд. HRW дар изҳороти рӯзи 30 июлаш мегӯяд, амалкарди мақомоти эронӣ нисбати эътирозгарон дар Хузистон ва дигар манотиқ мояи нигаронии амиқ шудааст.

Ҳукми додгоҳ аз рӯи китоб дар бораи одамони Путин охири сол содир мешавад

Муқоваи китоби Кетрин Белтон “Одамони Путин: Чигуна КГБ Русияро дубора ба дасти худ гирифт ва ба Ғарб чашм дӯхт”

Як додраси бритониёӣ гуфт, ҳукм аз рӯи баҳси таҳқир дар китобе дар бораи сари қудрат омадани президенти Русия Владимир Путин охири соли ҷорӣ содир мешавад. Додрас Аманда Типплз рӯзи 29 июл ба Додгоҳи олии Лондон гуфт, ки ҳукмро моҳи октябр содир хоҳад кард.

Қазия ба шикояти як гурӯҳ сарватмандони рус, аз ҷумла, миллиардери зодаи Русия Роман Абрамович рабт дорад, ки Кетрин Белтон ва ношири китобаш бо номи “Одамони Путин: Чигуна КГБ Русияро дубора ба дасти худ гирифт ва ба Ғарб чашм дӯхт”-ро ба додгоҳ додааст. Абрамович дорои шаҳрвандии Русия ва Исроил аст ва дар шикояти худ иддаои муаллифи китоб дар бораи инро, ки соли 2003 клуби футболи “Челси”-ро бо дастури Путин харидааст, ба чолиш кашидааст.

Вакили Абрамович Ҳю Томлинсон рӯзи 28 июл дар Додгоҳи олӣ гуфт, ки дар китоб иттилои “носаҳҳеҳ” дар бораи иртибот бо Кремлин ҷой дорад. Вале ҷониби ҷавобгар ба дурустиву ботавозун иншо шудани иттилои китоб пойфишорӣ мекунад ва мегӯяд, ки он бар пояи гузоришҳои таҳқиқотӣ ва мусоҳибаҳо навишта шудааст. Китоб апрели соли 2020 нашр шуд ва унвони китоби пурфурӯши нашрияи Sunday Times-ро касб кард. Кетрин Белтон, собиқ хабарнигори Financial Times, рӯзи 28-уми июл ҷараёни мурофиаро шарҳ надод.

Ҷопон бо сабаби афзоиши бемории COVID-19 ҳолати фавқулодда ҷорӣ карданист

Деҳаи олимпии Токио. 29 июли соли 2021

Ҷопон,и мизбони Бозиҳои Олимпӣ, ният дорад, 30-юми июл дар шаҳри Токио ва чаҳор минтақаи дигар ҳолати фавқулодда ҷорӣ бикунад. Мақомоти он кишвар гуфтанд, мавридҳои гирифторӣ ба бемории COVID-19 "рекордӣ шудааст".

Йошиҳиде Суга, нахуствазири Ҷопон, пас аз ҷаласаи коршиносони кишвар дар ин замина изҳорот хоҳад дод. Ҳолати фавқулодда то 31-уми август дар минтақаҳои Саитама, Канагава, Осака ва Чиба, ки дар наздикии Токио мебошад, ҷорӣ мешавад. Чунин чораҳо аллакай дар Токио ва ҷазираи ҷанубии Окинава амал мекунанд.

Ҷопон дар давраи пандемия тавонист, ки аз гирифторшавии сартосарӣ ба коронавирус пешгирӣ кунад, вале ҳоло ба монанди бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон аз навъи бисёр босуръат паҳншавандаи бемории ҳамагир азият мешавад.

Рӯзи 29-уми июл Токио гузориш дод, ки бори аввал дар давраи пандемия дар як рӯз 10 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор шудааст. Беморхонаҳо дар ҳолати сангин кор мекунанд ва нисфи 6 ҳазор кати беморӣ дар ин муассисаҳои тиббӣ бо беморони COVID-19 пур шудааст.

Масъулини бозиҳои олимпӣ ва ҳукумат гуфтанд, Олимпиада ба афзоиши мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус ҳеч рабт надорад. Бозиҳо 23-юми июл сар шуда, то 8-уми август натиҷагирӣ мешаванд. Аз оғози моҳи июл дар деҳаи олимпӣ 220 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмӯъ дар бозиҳои олимпӣ 40 ҳазор варзишгар ва кормандону ёрирасонон иштирок мекунанд.

Хадамоти гумрук: Баъди ба дасти Толибон гузаштани Шерхон Бандар "гардиши мол хеле кам шуд"

Пули "Дӯстӣ" дар марз миёни Тоҷикистону Афғонистон

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, гардиши мол тавассути гузаргоҳи Панҷи Поёни кишвар ва Шерхон Бандари Афғонистон хеле кам шудааст.

Гузаргоҳи Шерхон Бандар, ки масири асосии интиқоли молу миёни Тоҷикистону Афғонистон ба шумор меравад, 21-уми июни имсол ба дасти Толибон афтод.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 30-юми июл ҳангоми нишасти хабарӣ кам шудани гардиши мол миёни ду кишварро ба ноамниҳо дар марз, аз ҷумла ба дасти Толибон афтодани гузаргоҳи Шерхон Бандар, рабт дод.

Ӯ афзуд, "агар пеш дар як рӯз 35-40 мошин ворид мешуд, ҳоло 3-4 мошин ворид мешавад. Инҳо ҳамон мошинҳое ҳастанд, ки қабл аз афзоиши ноамниҳо дар роҳ буданд, ҳоло қариб, ки гардиши мол нест".

Бӯрӣ Ҳамроҳзода, як масъули ин ниҳод гуфт, гардиши мол агар моҳи январи имсол 86 ҳазору 492 тоннаро ташкил медод, дар моҳи июн ин омор ба 37 ҳазору 987 тонна расид.

Чанд руз пеш мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки бинобар ба дасти Толибон афтодани гузаргоҳҳои марзии ин кишвар, давлат 33 миллион доллар зарар дидааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи душворгузар дорад. Роҳи аслие, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, гузаргоҳи Шерхон Бандар (аз тарафи Афғонистон) ва Панҷи Поён (аз тарафи Тоҷикистон) аст.

Нигаронии ИМА ва ИА аз ояндаи демократияи Гурҷистон

Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо ва президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили

ИМА ва Иттиҳоди Аврупо рӯзи 29 июл аз ояндаи демократияи Гурҷистон изҳори нигаронӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки созиши сиёсии қаблан ҳосилшудаи миёни мухолифону ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" бекор шуд ва демократияи Гурҷистонро дучори як бӯҳрони амиқтар кард. Иракли Кобахидзе, раҳбари ҳизби “Орзуи Гурҷистон” рӯзи 28-уми июл созиши бо мухолифон ва миёнҷигии ИА ҳосилшудаи се моҳ пешро бекор кард ва мухолифонро дар ноком шудани он айбдор намуд. Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо дар як музокироте тавонист гурӯҳҳои мухолифин ва ҳам ҳизби “Орзуи Гурҷистон” -ро ба ҳам оварад ва онҳоро водор кунад, ки ба парлумон ворид шуда аз паи татбиқи ислоҳоти интихоботӣ шаванд. Сафорати ИМА дар Тифлис бо нашри изҳороте гуфт, ки “ИМА аз қарори якҷонибаи ҳизби “Орзуи Гурҷистон” барои хориҷ шудан аз созиши 19-уми апрел, ки дар натиҷаи музокираҳои муштарак ва хеле душвори шашмоҳа ба даст омад ва ҳам як санади зарурии изтирорӣ барои идомаи пешрафти мардуми Гурҷистон ва демократияи он шумурда мешавад, амиқан ноумед шудааст”. Сафорат навиштааст, ки “Вашингтон аз нокомиҳои афзоянда дар ояндаи демократияи Гурҷистон то рафт нигарон мешавад”.

Дар изҳороте, ки Мишел рӯзи 29 июл дар Брюссел нашр кард, созишномаро роҳи беҳтарини бунёди демократияи қавитар ва ҳукумати қонун дар Гурҷистон номидааст. Мишел гуфт, ки бо чандин бозигарони сиёсии Гурҷистон ва ҳам президент Саломе Зурабишвили машваратҳо доир мекунад.

Анҷумани журналистон: Скурко бояд ба беморхонаи мулкӣ интиқол ёбад

Андрей Скурко, раиси бахши таблиғот ва бозорёбии нашрияву вебсайти маъруфи “Наша Нива“ 8 июл дар дафтари кориаш дар шаҳри Минск боздошт шуд. Ӯ бемори диабети қанд аст

Анҷумани журналистони Беларус аз мақомоти Минск тақозо кард, ки корманди матбуот Андрей Скуркоро, ки дар шароити боздоштгоҳ ба нишонаҳои коронавирус гирифтор шудааст, барои дарёфти ёрии тиббӣ ба беморхона интиқол диҳанд. Дархости анҷуман рӯзи 29 июл ба унвонии раёсати зиндонҳои вазорати умури дохилӣ ва вазорати тандурустии Беларус ирсол шуд. Дар номаи журналистон тақозо шудааст, ки Скурко ба таври оҷил ба як беморхонаи мулкӣ интиқол ёбад.

Скурко, раиси бахши таблиғот ва бозорёбии нашрияву вебсайти маъруфи “Наша Нива“ ҳамроҳ бо чанд ҳамкораш рӯзи 8 июл дар дафтари кориаш дар шаҳри Минск боздошт шуд. “Наша Нива” гуфт, ки Скуркои 43-сола бо сабаби ошкоршавии мушкили марбут ба тағйироти сохторӣ дар шушҳояш ба боздоштгоҳи низомие интиқол дода шуд. Дар гузориш омадааст, ки бо сабаби ба COVID-19 гумонбар шудани Скурко ҳамутоқони ӯро дар карантин ҷой карданд. Қабл аз ин 13 рӯз Скурко дар як боздоштгоҳи дигаре нигаҳдорӣ мешуд, ки бо қоидаҳои сахту сангинаш маъруф аст. Дар ин боздоштгоҳ катҳои хоб кӯрпаву болишт надоранд ва Скурко аз дастрасӣ ба доруҳои зидди диабети қандаш маҳрум буд. Анҷумани журналистони Беларус навиштааст: “Андрей Скурко як бемори диабети қанд аст, ки пайваста ба инсулин ниёз дорад. Барои нафарони мисли ӯ олудашавӣ ба коронавирус марговар буда метавонад”.

Муқаррароти нав дар ИМА дар заминаи пешгирӣ аз олудашавиҳо

Бархе идораҳои низомӣ, мисли ин, ҳанӯз ҳам кори худро фосилавӣ анҷом медиҳанд

Президент Ҷо Байден рӯзи 29 июл гуфт, ки тамоми кормандони сохторҳои федеролии ИМА, ки аз COVID-19 эм нашудаанд, бояд дар маҳалли кор ниқоб пӯшида фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд ва ҳам ба таври мунтазам тести зидди коронавирус супоранд. Байден, ки сокинони Амрикоро ба эмкунии ҳатмӣ даъват кардааст, гуфт, ҳамаи эмшудаҳо бояд аз санҷиши воксинасия ҳам гузаранд. Сиёсати нави ҷоришуда аммо эмкунии ҳатмии кормандони сохторҳои федеролиро пешбинӣ намекунад. Ин қарор инчунин ба низомиёне рабт надорад, ки ҳоло дар хидмати ҳарбӣ ҳастанд, вале Байден гуфт, ки аз вазорати дифои кишвараш тақозо мекунад, ки эмкунӣ бар зидди COVID-19 ба феҳристи воксинаҳои ҳатмии ходимони низомӣ ворид карда шавад.

Президенти ИМА гуфт, дар ним соли охир, ки маъракаи эмгузаронӣ ба таври фаъол ҷараён дорад, 164 миллион амрикоиҳо аз коронавирус эм карда шуданд, вале пайдоиши навъи босуръат паҳншавандаи вирус, ки онҳо “Делта” номгузорӣ кардаанд, мавҷи нави олудашавиҳо дар саросари сайёраро ба миён овардааст. Байден гуфт, ҳар қадар шумори бештари мардум эм карда шавад, хуб аст, вале боз ҳам “мо ҳанӯз пурра аз ин анбӯҳ берун нашудаем”.

Даъват ба кӯмаки Литва дар пешорӯи бӯҳрони муҳоҷират

Литва, деҳаи марзии Веребияй. Муҳоҷирони ироқӣ дар як урдугоҳе ба сар мебаранд. Июли соли 2021

Як мақоми баландпояи Комиссиюни Аврупо оид ба муҳоҷират аз аъзои Иттиҳоди Аврупо тақозо кард, ки дар заминаи таҷаммӯи ҳазорҳо муҳоҷирони ғайриқонунии аз хоки Беларус ба Литва гузашта мусоидат кунанд. Вазоратҳои дифои кишварҳои Балтика ҳамзамон Беларусро дар “ҳамлаҳои гибридӣ” ё омехта айбдор карданд. Литва ва мақомоти ИА гуфтанд, ки Беларус муҳоҷирон, асосан сокинони Ироқро ба хоки кишварҳои Балтика роҳ медиҳад ва ин амалаш қассосгирӣ барои пуштибонии Аврупо аз мухолифони режими саркӯбгари Александр Лукашенко мебошад.

Илва Йоҳанссон, мудири умури дохилии ИА дар номае ба унвонии вазирони умури дохилии кишварҳои ИА рӯзи 29-уми июл навишт, “истифодаи инсонҳо ҳамчун абзори ҳадафҳои сиёсӣ бояд хотима дода шавад. Бартарияти аввали мо ин аст, ки барои таъмини амнияти марзӣ бо Беларус ба Литва мусоидат кунем”.

Мақомоти Литва гузориш доданд, ки соли ҷорӣ 3 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ марзи ин кишварро убур кардааст, дар ҳоле, ки соли гузашта шумори онҳо ҳамагӣ 81 нафар буд. Тибқи гузоришҳо, Лукашенко дар вокуниш ба таҳримҳои болои Минск баъди интихоботи баҳсбарангези президентии августи порсол ва саркӯби эътирозгарон батакрор таҳдид кардааст, ки ба муҳоҷирон барои убур ба хоки ИА роҳро боз мекунад. Дар натиҷа, рӯзи 29 июл вазирони се кишвари назди Балтика – Литва, Латвия ва Эстонияву аъзои НАТО ба мувофиқа расиданд, ки барои расидагии беҳтар ба бӯҳрони муҳоҷират амалҳои худро беҳтар ҳамоҳанг хоҳанд кард. Арвидас Арусаускас, вазири дифои Литва гуфт, “вазъияти дар марз баамаломада як бӯҳрони маъмулии муҳоҷират нест, ин як ҷанги гибридӣ ба хотири ба ҳам задани суботи ИА, НАТО ва, ба вижа, давлатҳои Балтика мебошад.

Бонки миллии Қирғизистон ширкати мобилии "Мегаком"-ро мехарад

Бонки миллии Қирғизистон мумкин аст, ки ширкати мобилии "Мегаком"-ро харидорӣ кунад. Дар ин бора Мирлан Бакиров, раиси Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон рӯзи 29 июл хабар дод.

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст, саҳмияҳои чаҳор ширкати давлатӣ: "Мегаком", "Бунёди кафолат", "Бонки каромат" ва "Бонки амонатгузории Авруосиё"-ро фурӯшад.

Бакиров гуфт, комиссияи вижа муайян мекунад, ки саҳмияҳои ин ширкатҳо чи гуна фурӯхта шаванд: аз тариқи музояда, озмун ё мустақим.

"Яке аз муштариҳои асосӣ барои харидани ширкати мобилӣ Бонки миллии Қирғизистон аст. Агар бонк ширкати мобилиро харидорӣ кунад, пас ширкат дар тавозуни давлат боқӣ мемонад", - гуфт Бакиров.

Ҳукумати Қирғизистон борҳо талош кард, ки ширкати мобилии "Мегаком"-ро фурӯшад. 100% саҳмияҳои ин ширкат дар ихтиёри давлат аст.

Муҳоҷирони узбек дар Калининград аз шароити сахти корӣ шикоят доранд

Муҳоҷирони узбек дар Калининград.

Гуруҳе аз муҳоҷирони Узбекистон, ки дар корхонаи коркарди моҳӣ дар вилояти Калинингради Русия кор мекунанд, аз маоши кам ва мусодира шудани шиносномаҳояшон аз сӯи корфармо, шикоят доранд. Ин муҳоҷиронро аз вилоятҳои Андиҷон ва Қашқадарёи Узбекистон ба корхонаи “За Родину!” бурдаанд.

Ба гуфтаи яке аз коргарони андиҷонӣ, раҳбарияти ширкати "Григорян", ки онҳоро ба кор дар корхонаи коркарди моҳӣ қабул кард, шиносномаҳояшонро гирифтааст.

"Дар аввал гуфтанд, ки дар корхонаи парандапарварӣ кор мекунед, вале ба корхонаи коркарди моҳӣ оварданд. Инҷо моҳӣ тоза мекунем. Мо гуфтем, ки шароити корӣ ба мо писанд нест. Вале корфармо дар посух гуфт, то 50-ҳазоррублӣ пули билети ҳавопайморо напардозем, шиносномаҳои моро намедиҳанд. Бархеҳо бояд 100 ҳазор рубл пардозанд", - афзуд ӯ. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи худи муҳоҷирон, пули чиптаи онҳо на 50 ҳазор, балки 16 ҳазор рубл аст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар корхонаи "За Родину" беш аз 500 муҳоҷир кор мекунад ва онҳо маҷбур ҳастанд, талаби корфарморо иҷро кунанд, чун тавони пардохти пули гуфтаи ӯро надоранд.

Миллиардери чинӣ барои интиқоди ҳукумат 18 сол зиндонӣ шуд

Сун Даву, тоҷири маъруфи чинӣ.

Мунтақиди машҳури Ҳизби коммунистии Чин, миллиардер Сун Даву бо ҷурми "ангехтани бадбинӣ" се миллион юан ҷарима ва 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои расонаи хабарии South China Morning Post, додгоҳи шаҳри Гаобейдяни Чин Сунро ба он айбдор донистааст, ки гӯё ӯ гуруҳи одамонро барои ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ таҳрик дода, тиҷорати ғайриқонунӣ доштааст. Ҳамчунин вай гӯё заминҳоро ғайриқонунӣ ғасб карда, "мушкил эҷод менамудааст".

Суни 67-сола раҳбари як корхонаи кишоварзие аст, ки дар он 9 ҳазор одам кор мекунад. Ӯ аз камтарин одамоне дар Чин буд, ки соли 2019 ҳукумати ин кишварро ба пинҳон кардани паҳншавии зукоми африқоии хук ошкоро танқид кард. Он замон беш аз 100 миллион хук бар асари ин беморӣ ҳалок шуда буд. Вай дар суҳбат бо телефизиони CNN гуфт, мақомот танҳо баъд аз нашр шудани акси ҳайвонҳои ҳалокшуда розӣ шудаанд, чорвои ӯро аз санҷиш гузаронанд.

Бино ба гузориши Reuters, соҳибкор дар пайи ин кори худ бо як корхонаи давлатӣ вориди баҳси замин шуд. Ҳомиёни ҳуқуқи Чин гуфтанд, "Сун ба хотири дастгирии ҳуқуқи инсон муҷозот шудааст".

Қирғизистон 60 хонаи осебдидаро дар низои марзӣ бо Тоҷикистон барқарор кардааст

Деҳаи Мақсат, ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, моҳи июли 2021

Муовини вазири иқтисод ва молияи Қирғизистон рӯзи 29-уми июл дар ҷаласаи порлумони он кишвар гуфт, сохтмони 60 манзили зист дар вилояти Бодканд, ки дар натиҷаи низои марзӣ бо Тоҷикистон осеб дида буданд, ба поён расидааст.

Дониёр Имоналиев, дар ин бора дар посух ба интиқодҳои як вакил дар мавриди ба дарозо кашидани бунёди хонаҳои осебдида хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, сохтмони хонаҳои мазкур ба далели дер расидани маҳсулоти сохтмонии онҳо аз Туркия тӯл кашид.

"Аз 140 хона сохтмони 60-тоаш ба поён расидааст. 15 хонавода аллакай ба манзилҳои нави худ даромадаанд", -- афзуд ӯ.

Пештар намояндаи махсуси президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд, Маъмурҷон Раҳимов, гуфта буд, теъдоди хонаҳое, ки дар натиҷаи низои марзӣ бо Тоҷикистон тахриб шудаанд, ба 140 расидааст. Пештар шумори онҳо 136 адад гуфта мешуд.

Ба гуфтаи Раҳимов, тамоми ин хонаҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Қирғизистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Рӯзҳои 28-29-уми апрели имсол дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо манзили зист ба коми оташ фурӯ рафтанд.

Раҳбарони нави "Имон" гуфтанд, саҳмияҳои муассисаро бо нархи бозор харидаанд. ВИДЕО

Раҳбарони нави "Имон Интернешнл" мегӯянд, ин муассисаро бо нархи бозор харидаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Моликони нави “Имон интернешнл” дар шаҳри Хуҷанд мегӯянд, бастаи саҳмияҳои ин ташкилоти молиро аз соҳибони пешинаи он бо нархи бозор харидаанд. Ин нукта дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд рӯзи 28-уми июл садо дод.

Пештар муҳаққиқони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, ошкор карда буданд, ки "Имон интернешнл" дар як амалиёти печида ва шубҳанок аз дасти муассисони тоҷикистониаш бо нархи арзон гирифта шуда, соҳибкори итолиёвӣ Винчензо Транӣ бастаи асосии саҳмияҳоро ба даст овард.

Муаллифони таҳқиқ навиштаанд, дар харидани саҳмияҳо, соҳибкори итолиёвӣ аз пуштибонии Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор буд.

Моликони нав фошкориҳои журналистони таҳқиқгарро бепоя хонданд. Александр Ерёмин, раиси Шӯрои нозирони “Имон интернешнл” гуфт, “мефаҳмед, агар ин матлаб асос медошт, мо ҳоло шоҳиди бозпас гирифтани амонатҳо мешудем. Зеро агар туро ба фаъолиятҳои ношаффоф айбдор кунанд, муштариҳо безобита шуда, мераванд."

Дар тақвияти ин иддао худи Ерёмин гуфт, сармоягузорони “Имон интернешнл” ҳамкориро бо ин ташкилот қатъ накарда, балки идома медиҳанд. Ӯ афзуд, ахиран Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои “Имон интернешнл” 4 миллион доллар қарз ҷудо кард.

Дар ин нишаст ҳамчунон гуфта шуд, хариду фурӯши саҳмияҳои Имон интернешнл” зери назари мақомоти Тоҷикистон сурат гирифт ва хилофкорие дар он рӯй надодааст.

Хариду фурӯши "Имон интернешнл", ки баҳсҳои зиёдро ба миён овардааст, моҳи марти соли 2021 анҷом шуд. Бар асоси он, ширкати Mikro Kapital, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки рушди соҳибкории FMO-и Ҳолланд ба сурати умум 43,5 дарсади саҳмияҳои Imon International-ро, ки дар дасти саҳоми асосии он -- Фонди хурди қарздиҳии "Имон" буд, ба 5,4 миллион доллар хариданд.

"Имон интернешл" яке аз ниҳодҳои фаъоли қарзӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки соли 2005 аз сӯйи Гулбаҳор Маҳкамова ва Санавбар Шарифова ташкил шуд. Ҳадафи онҳо аз ибтидо расондани хадамоти молиявӣ ба занони соҳибкор буд.

Ташкилоти "Имон интернешнл" дар солҳои охир ба яке аз иштирокчиёни асосии бозори бонкии Тоҷикистон табдил шуд ва аз сармоягузорони хориҷӣ маблағҳои калони қарзӣ ҷалб кард. Мушкил дар кори "Имон интернешл" соли 2017 оғоз шуд.

Дар он сол Бонки Миллӣ эълон кард, ки дар кори "Имон" ва бонки "Эсхата" камбудҳои зиёд ошкор шудааст. Дар пайи эълони Бонки Миллӣ, роҳбарияти онвақтаи "Эстаха" ва "Имон" аз мақомҳояшон барканор шуданд. Чанде баъд Бонки миллӣ бо судури як қарор фондҳоеро мисли «Имон» уҳдадор кард саҳмияҳошонро фурӯшанд. Ин қарори Бонки миллӣ ба Гулбаҳор Маҳкамова ва Санавбар Шарифова интихоберо ҷуз фурӯхтани саҳмияҳояшон нагузошт.

"Барқи тоҷик" қарзи аҳолиро 1,3 миллиард сомонӣ шумурд. Хабарнигорон эътироз карданд

Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ 1,3 миллиард сомонӣ қарздор аст. Баъзе аз хабарнигорон дар нишасти матбуотии масъулони ширкат ин оморро ба баҳс кашиданд.

Исмоил Маликов, масъули “Шабакаҳои тақсими барқ”, рӯзи 29-уми июл гуфт, имсол қарзи аҳолӣ дар назди барқ зиёд нашуда, 1,3 миллиард смонӣ қарзе аст, ки солҳои пеш ҷамъ шудааст. «Имсол, баръакс, аҳолӣ пешпардохт доштанд», -- афзуд ӯ.

Мавзӯи қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ миёни хабарнигорон ва масъулони “Барқи тоҷик” баҳси гармеро ба миён овард. Чанд хабарнигор худашонро мисол оварда, гуфтанд, «агар ҳаққи барқро пардохт накунӣ, нозири барқ симро мебурад.»

Масъулини “Барқи тоҷик” чанд дафъа талош карданд, собит кунанд, ки омори қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ дуруст аст. Даъвоҳои ширкат дар бораи қарздории аҳолӣ солҳои пеш ҳам шубҳаву гумонҳои зиёдро ба миён оварда буд. Аз рӯи омори “Барқи тоҷик” аҳолӣ бузургтарин қарздор аст.

Инҳо низ аз «Барқи тоҷик» қарздор будаанд:

  • Талко – 422 миллион сомонӣ;
  • Оҷонси беҳдошти замин – 333 миллион сомонӣ;
  • Хоҷагиҳо – 201 миллион сомонӣ;
  • Соҳаи обу корез – 52 миллион сомонӣ.

Дар ҳамин ҳол, як масъули ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, қисми асосии қарзи аҳолӣ маблағе аст, ки 10-20 сол пеш ҷамъ шуда, бояд бахшида шавад.

"Масалан, як қисми маблағ қарзи колхозҳо аст. Колхозу совхозҳо дигар нестанд. 10 сол пеш аудиторони байналхалқӣ тавсия доданд, ки як қисми ин қарз ҳамчун қарзи беэътимод бахшида шавад. Вале ин кор то ҳол сурат нагирифтааст", -- гуфт масъули «Барқи тоҷик» бе зикри номаш.

Коршиносон сабабҳои ин мушкилро ба мудирияти нодуруст рабт медиҳанд. Айни замон баъзе аз кормандони ширкат бе зикри номи худ мегӯянд, қарзҳои зиёд умдатан аз корхонаву шахсонест, ки ба хешовандони мансабдорон тааллуқ доранд.

Дар "Барқи тоҷик" гуфтанд, нархи барқ боло меравад, аммо нагуфтанд, ки чӣ қадар

Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, нархи истифодаи барқ имсол дар Тоҷикистон гарон мешавад, аммо нагуфтанд, ки чӣ қадар.

Рустам Маҷидзода, сардори департаменти иқтисод ва молияи ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 29-уми июл гуфт, нархи барқро «як гуруҳи корӣ дар назди Хадамоти зиддиинҳсорӣ муайян мекунанд».

Масъули “Барқи тоҷик” афзуд, онҳо хароҷоти худро ба ин гуруҳи корӣ пешниҳод кардаанд ва дар ниҳоят ҳукумат тасмим мегирад, ки нархи барқ чӣ қадар бошад.

Рустам Маҷидзода дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, арзиши асосии истеҳсоли як киловат барқ дар Тоҷикистон бе назардошти хароҷоти интиқол 20 дирам мебошад. Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси “Барқи тоҷик”, шарҳ дод, ки «арзиши аслии истеҳсоли барқ вобаста ба хароҷот метавонад зиёдтар бошад.»

Дар бораи боло рафтани нархи барқ рӯзи 12-уми июл вазири энержӣ ҳам суҳбат кард. Пештар баъзе аз сокинон аз ҳаргуна тасмими мақомот барои боло бурдани нархи барқ танқид кардаанд. Мақомот ҳамвора мегӯянд, нархи истифода аз барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ хеле поин аст.

Чанд созмони молии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ дар чанд шарти худ ба Тоҷикистон боло бурдани қимати барқро зикр кардаанд.

Нархи барқ пайваста дар Тоҷикистон боло меравад ва танҳо соли гузашта ба хотири пандемия ҳукумат афзоиши нархи барқро манъ кард.

Тоҷикистон ба содироти барқ ба Афғонистон идома медиҳад

Хатти барқ дар Афғонистон

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, тасарруфи чанд минтақаи наздимарзӣ аз сӯи гуруҳи Толибон ба интиқоли барқ ба Афғонистон ягон таъсир нарасондааст.

Маҳмадумар Асозода, муовини аввали ширкати “Барқи тоҷик”, рӯзи 29-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, сарфи назар аз вазъи сиёсӣ содироти барқ ба Афғонистон идома дорад.

Муовини аввали раиси “Барқи тоҷик” афзуд, дар моҳҳои июн ҳолатҳои корношоям шудани симчӯбҳо сабт шудааст, аммо дар моҳи июл ин ҳолатҳо камтар буд. Аммо ин масъули “Барқи тоҷик” нагуфт, ки чӣ қадар симчӯбҳои интиқоли барқ хароб шудаанд.

Дар соли 2016 дар ҷараёни даргириҳои шадид миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Бағлон, як пояи хатти интиқоли нерӯи барқи баландшиддат тахриб шуда буд. Дар пайи он шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ шуд.

Маҳмадумар Асозода афзуд, дар шаш моҳи аввали имсол ба Афғонистон 457,9 миллион киловат соат барқ содирот шудааст. Ширкати “Барқи тоҷик” барқро асосан ба ширкати “Брешно”-и Афғонистон мефурӯшад. Нархи як киловат барқ барои Афғонистон 4,5 сент будааст.

Дар вилояти Кобул, Нангарҳор, Лағмон, Лугар, Пактико, Парвон, Панҷшер, Каписо ва Бағлон аз нирӯи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон истифода мекунанд.

Дар ду моҳи охир бахши калони минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба тасарруфи гуруҳи Толибон даромад ва нигарониҳо дар бораи таъмини амният зиёд шуд.

Песков гуфт, қароре дар бораи фиристодани нерӯ ба Тоҷикистон қабул нашудааст

Дмитрий Песков гуфт, аз ноамн шудани авзоъ дар Афғонистон "ҳама метарсад"

Мақомоти расмии Русия мегӯянд, ин кишвар ҳеч қароре дар бораи фиристодани нерӯҳои иловагӣ барои кумак дар муҳофизати марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон қабул накардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи 29-уми июл дар шаҳри Маскав ба хабарнигорон гуфт, ончӣ ки дар Афғонистон мегузарад, мояи нигаронии амиқ барои Маскав аст. Ӯ афзуд: "Мо омодаем, дар муқобили хатарҳое, ки Афғонистон меоянд, дар канори муттафиқони худ биистем."

Песков гуфт, Владимир Путин ҳеч қароре дар бораи фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба марзи Афғонистон қабул накардааст, вале аз тамринҳои низомии муштараке ёдовар шуд, ки қарор аст, ба зудӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад.

Аз ин пештар низомиёни Русия гуфтанд, ки аз 5 то 10-уми август дар размоишгоҳи Ҳарбмайдони Тоҷикистон ва 20 километр дуртар аз сарҳади Афғонистон сарбозони Русияву Тоҷикистону Узбекистон машқҳои ҷангӣ баргузор мекунанд.

Дар ин размоиш бештар аз 1500 афсару сарбоз ширкат меварзанд ва роҳҳои маҳви гуруҳҳои мусаллаҳ ва муҳофизати иншооти муҳимро меомӯзанд.

Додситони кулли Тоҷикистон бо мақомоти Олмон "истирдоди ҷинояткорон"-ро баррасӣ кардааст

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, бо як сафари корӣ ба Олмон рафта, бо чанд мансабдори он кишвар дар бораи мубориза бо терроризму истирдоди гумонбарон ба ҷиноят суҳбат кардааст.

Дар шаш соли охир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон паноҳанда шудаанд. Онҳо худро қурбонии саркӯб дар Тоҷикистон медонанд вале мақомот ба ифротгароиву ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ муттаҳам мекунанд.

Дафтари матбуоти Додситонии кул дар бораи ҷузъиёти суҳбатҳо, аз ҷумла оё дахл доштани ин сафар ба қазияи паноҳандаҳои сиёсӣ тафсилот надод.

Аммо бино бар иттилоияи расмии он, Юсуф Раҳмон рӯзҳои 27 ва 28-уми июл бо додситони кулли Олмон, додситони шаҳри Дюсселдорф ва мансабдорони Замини Рейни Шимолӣ-Вестфалия мулоқот кардааст. Минтақаҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ҳузур доранд.

Дар гузашта дар Вестфилия чанд чанд шаҳрванди Тоҷикистон дастгир ва иддае аз онҳо бо гумони ифротгароӣ ба зиндон маҳкум шуданд.

“Дар мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ду кишвар, парвандаҳои ҷиноии мушаххас, истирдоди ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта... баррасӣ шуданд”, -- навишт дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, “сафар ҳанӯз идома дорад”, вале ҷузъиёташ дастрас нест.

Аз соли 2015 ба ин тараф садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои паноҳҷӯйӣ ва кору иқомат ва таҳсил ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Олмон рафтаанд. Дар миёни онҳо ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, "Гуруҳи 24", хабарнигорону тоҷирон, ҳомиёни ҳуқуқ ва пайравони равияҳое ба монанди салафия низ ҳастанд.

Аксари ин афрод далели паноҳҷӯйӣ дар кишварҳои аврупоиро ба таъқибу саркӯб ва фишори афзоянда болои дигарандешон дар Тоҷикистон ва парвандаҳои сохта ба зидди онҳо рабт медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон баъзе аз онҳоро расман ба терроризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар кишвар муттаҳам кардаанд.

Амрико 645 кӯдакистон дар Узбекистонро бо ғизо таъмин мекунад

Яке аз кӯдакистонҳо дар Узбекистон

"Корпуси шафқат" - як созмони хайрияи Амрико бо мақомоти Узбекистон тафоҳумномаи ҳамкориро дар бахши таъмини ғизои кӯдакистонҳои Узбекистон имзо кард. Дар ин бора сафорати Узбекистон дар ИМА хабар дод.

Ин барнома бо буҷаи бештар аз 21 миллион доллар барои таъмини ғизои бештар аз 400 кӯдакистон ва таъмири 245 кӯдакистони дигар пешбинӣ шудааст. Барнома дар маҷмуъ беҳсозии таҳсил ва ғизои 90 ҳазор кӯдакро дар назар дорад.

Ба ҷуз ин, дар доираи барнома густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифати томактабӣ барои кӯдакони аз 3 то 7-сола мадди назар аст.

Намояндагии "Корпуси шафқат" дар Узбекистон пас аз танаффуси даҳсола моҳи марти соли гузашта дубора ба кор шуруъ кард.

Ҳушдори ВКД-и Русия ба муҳоҷироне, ки ҷангу ҷанҷол мекунанд

Боздошти муҳоҷирон дар Русия. Аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Русия ҳушдор дод, он шаҳрвандони хориҷие, ки дар занозаниҳои гуруҳӣ иштирок мекунанд, на танҳо аз Русия берун, балки “мамнуъ-ул-вуруд” хоҳанд шуд. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, ҳафтаҳои охир ҷанҷоли оммавии муҳоҷирон дар Русия зиёд шудааст.

Чунин ҳолатҳо дар Маскаву Санкт-Петербург, Амур, Свердловск ва Ҷумҳурии Доғистон сабт шуданд. Баъзе ин ҷанҷолҳо хушунат ва ҳамла ба намояндагони мақомотро низ дар пай доштааст. Ҳамчунин иштирокдорони занозаниҳо роҳҳоро баста, ба иншооти шаҳрӣ зарар расондаанд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Русия иброз доштаанд, ки аксари муҳоҷирони ҷангҷӯ ҷазо гирифтанд. Онҳо 15 рӯз дар ҳабси маъмурӣ буда, сипас аз Русия депортатсия ё ихроҷ шуданд.

Як гуруҳ аз зодагони Осиёи Марказӣ рӯзи 12-уми июли имсол дар назди метрои Кузминки ҷанҷол карданд. Ба иттилои расонаҳои русӣ, шаби 27-уми июл низ муҳоҷирон дар яке аз кӯчаҳои марказии Санкт-Петеребург занозанӣ карданд ва он бештар ба муҳорибаи бидуни қоида монандӣ дошт.

"Гуруҳи корӣ 40 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мушаххас кард"

Ин хонаҳо дар муноқишаи моҳи апрел сӯхтаву вайрон шудаанд

Қирғизистону Тоҷикистон 40 километри дигари марзро “мушаххас карданд”.

Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 29-уми июл Абдулат Мирзоев, узви Кумисюни ҳукуматии он кишвар дар мавриди таъину нишонагузории сарҳад иттилоъ дод. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст.

"Дар 3 мулоқоти охири гуруҳҳои кории ду кишвар 40 километри дигари марз мушаххас шуд. Моҳи август мулоқот дар Тоҷикистон дар нақша аст. Корҳо идома доранд, аммо мо гуфта наметавонем, ки масъала кай ҳал мешавад", - гуфт Мирзоев.

Аз 12 то 17-уми июл дар шаҳри Бишкек мулоқоти гуруҳҳои кории Тоҷикистон бо Қирғизистон баргузор шуд. Мақомоти Қирғизистон ҷузъиёти ин мулоқотро шарҳ надоданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун муноқиша сар мезанад.

Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва даҳҳо манзилу иншооти дигар вайрон шуд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG