Ҳазорон ҷонибдорони неруҳои мухолифини Арманистон имрӯз дар Ереван ҳамоиши эътирозӣ алайҳи натоиҷи интихоботи президентии ҳафтаи гузаштаро идома доданд. Рӯзи ҳаштум аст, ки онҳо лағви натоиҷи ин маъракаи сиёсиро талаб доранд. Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихоботи Арманистон дар сабқат сарвазири пешини кишвар Серж Саркисиён пирӯз шудааст ва аммо мухолифин бо ин иддао розӣ нестанд.
Ҷонибдорони мухолифин дар хиёбон хайма зада навбатдории шабонарӯзиро ташкил кардаанд. Дирӯз Серж Саркисиён бо рақибонаш дар маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳур музокирот кард ва ҳушдор дод, ки ин эътирозҳо хилофи қавонини кишваранд.