Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси маркази тиббӣ барои муҳоҷирони корӣ


Гурӯҳе аз мавҷи нахустини фирориёни тоҷик дар Маскав, марти соли 1993
Гурӯҳе аз мавҷи нахустини фирориёни тоҷик дар Маскав, марти соли 1993

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо таъсиси як маркази вижаи ташхисӣ муъойинаи тиббии муҳоҷирони кории кишварро ройгон намуд.

Ба таъйиди Сафарбек Манонов, раиси маркази муъоинаи тиббии муҳоҷирони корӣ, муҳоҷирони корӣ аз ин ба баъд қабл аз сафари хориҷа ба таври метавонанд ройгон аз муъоинаи тиббӣ гузаранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин марказ як кумисиюни вежаи иборат аз пизишкони дилу гурда, саратону хун, AIDS ва амрози занона саломатии ҳар як муҳоҷирро ҳамаҷониба ташхис мешавад.
Вай афзуд, ки ин марказ бар асоси тафовуқ миёни Русия ва Тоҷикистон метавонад ба муҳоҷирони корӣ дар бораи вазъи саломатиашон маълумотнома диҳад.
Акнун намояндагиҳои ин марказ дар нуқоти Тоҷикистон – Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Хоруғ – ҳамарӯза аз соати 14 то 17 хизмат расонда, дар як рӯз метавонанд то 30 нафарро қабул кунанд.
Аммо Табар Раҳимов, як муҳоҷири корӣ, иддаъо намуд, ки дар баробари афзун будани шумораи муҳоҷирон ва кам будани вақти хизматрасонӣ ин марказ наметавонад тамоми муҳоҷиронро ба зудӣ аз ташхис намояд. Бо ин вуҷуд вай аз таъсиси чунин як марказ истиқбол кард, ки маҳз барои муҳоҷирон боз шудааст. Доштани маълумотнома дар бораи саломатии худ, ба бовари вай, дар кишварҳои хориҷӣ хеле зарур аст.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, ки ба эътибор пайдо кардани маълумотномаи ин марказ дар Русия бовар надоранд. Розиқи Шариф, як муҳоҷири корӣ, мегӯяд: «Он кишварҳое, ки мо дар онҷо муҳоҷир мешавем, қонунҳои худро доранд, ки аз муҳоҷирон риъояи онҳо талаб мекунанд. Ман худам ба дурустии ин маълумотномаҳо бовар надорам, вале чи гуна онҳо метавонанд ба он бовар дошта бошанд? Фикр мекунам, дар Русия ҳеч як пулис ё як корфармо ба дурустии ингуна маълумотнома, ки дар он муҳри Тоҷикистон зада шудааст, бовар намекунад».
Бо ин вуҷуд, коршиносон бар ин назаранд, ки дар таҷрибаи Тоҷикистон, ки тибқи омори расмӣ 500 ҳазор ва тибқи омори ғайрирасмӣ 1,5 миллион шаҳрвандаш ҳамасола ба хориҷи кишвар, беш аз ҳама ба Русия, муҳоҷирати корӣ мераванд, таъсиси ҳамчунин марказҳои тиббӣ айни муддаъост, зеро маълумотнома дар бораи саломатӣ яке аз шартҳои асосии расман ба кор даромадани муҳоҷирони корӣ дар ин кишварҳо аст.
XS
SM
MD
LG