Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши эътирозӣ дар Хоруғ


Ҳудуди 200 сокини шаҳри Хоруғ баъд аз зӯҳри 26 феврал бо нишони эътироз аз задухурдҳои мусаллаҳона ба ҳамоише иқдом карданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хоруғ мегӯяд, талаби асосии эътирозгарон бесилоҳ гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ буд. Эътирозгарон гуфтанд, ин гуна гурӯҳҳо барои субот дар минтақа хатар эҷод мекунанд.

Эътирозгарон, ки шумори бештарашонро занҳо ташкил медодаанд, сараввал дар ҳудуди мактаби миёнае ҷамъ шуда, ва баъдан сӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ роҳ пеш гирифтаанд.

Эътирозгарон дар дастҳояшон шиорҳои «Модарон зидди силоҳанд» ва «Фарзандони моро ба ҷанг накашед» доштаанд.

Гуфта шудааст, мубтакирони ин намоиши эътирозӣ худи занҳо будаанд. Сабаби аслии бурузи ин эътироз ҳамлаи ахири як гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба шуъбаи умури дохила дар шаҳри Хоруғ будааст.

XS
SM
MD
LG