Нанотехнология дар Тоҷикистон
Муҳаққиқони тоҷик мехоҳанд, баъзе аз дастовардҳои худ дар соҳаи таҳқиқи нанотехнологияро расман сабти ном кунанд. Дар густураи Шӯравии собиқ ба гуфтаи физики тоҷик Шарофиддин Тӯйчиев, пажӯҳишгари Донишгоҳи миллии давлатии Тоҷикистон, танҳо се кишвар ва аз ҷумла Тоҷикистон машғули таҳқиқ дар ин замина ҳастанд. Масалан, халтаву зарфҳои пластикӣ навъе аз полимерҳо ҳастанд ва олимони тоҷик хосияти баъзе аз онҳоро тағйир додаанд, онҳоро нарм ва ё қавитар кардаанд. Шарофиддин Тӯйчиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз нафъи нанотехнология барои Тоҷикистон сӯҳбат кард.
Олимони Амрико мегӯянд, назар ба он ки пештар тасаввур мекардем, эҳтимолан дар коиноти мо сайёраҳои бисёри мусоид барои зиндагӣ вуҷуд доранд. Бар асоси мушоҳидаҳои ахири ситорашиносони иёлати Аризонаи Амрико метавон тахмин кард, ки ситораҳои зиёди шабеҳи Офтоб, ки дар Роҳи Каҳкашон ҷойгир шудаанд, система ва манзумаҳои монанд ба системаи Офтобӣ доранд. Ситорашиносони амрикоӣ ҳамчунин мегӯянд, ки зоҳиран дар системаи сайёраҳое, ки Замини мо низ дар ҳалқаи он аст, садҳо олами кашфношуда вуҷуд дорад.
Анҷоми ишқ?
Рафтору одатҳои як нафар, ки замоне каси дигарро ба сӯи худ ҷазб кардаву азизаш мегардонад, бо гузашти замон одату рафтори асабикунанда мешавад. Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Мичигани Амрико дарёфтаанд, ки ҷуфтҳо ҳар қадар тулонӣ бо ҳам зиндагӣ кунанд, ҳамон қадар аз ҳам талаби бештар ва ҳамон қадар ҳамдигарро бештар асабонӣ мекунанд. Аммо бо гузашти вақт, муносибот бо фарзандон ва дӯстон ҳамон қадар роҳҳаттар мешудааст. Кира Бирдит, муҳаққиқи ҷомеашиноси Донишгоҳи Мичиган мегӯяд, ӯву ҳамкоронаш рафтору одати 800 нафар афроди синну соли гуногунро таҳқиқ ва асосан ба тамоюлҳои манфии муносибати онҳо таваҷҷӯҳ кардаанд.
Бо “Илм ва фанноварӣ” бимонед.