Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани генерали покистонӣ


Таркиши маргталабона дар шаҳри Равилпиндиии Покистон як генерали артиши кишварро ҳамроҳ бо дасти кам 7 тани дигар кушта бар ҷой гузошт.

Мақомҳои низомӣ мегӯянд, маргталаб худро дар паҳлуи мошини ҳомили як генерали ҷарроҳ мунфаҷир кардааст.

Дар натиҷа, худи генерал, муҳофиз ва ронандаи мошини ӯ ва ҳамин тавр, 5 раҳгузар кушта ва тақрибан 25 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ин нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Покистон дар пайи интихоботи парлумонии рӯзи 18 феврал буд, ки бо пирӯзии мухолифини президент Парвиз Мушарраф анҷом ёфт.

XS
SM
MD
LG