Дар чанд ҷумла
"Занҷири зинда" дар Ғаза
Даҳҳо ҳазор нафар фаластинӣ имрӯз дар навори Ғаза дастобадаст дар тӯли беш аз 40 километр марз бо Исроил як "занҷири зинда"-ро ба вуҷуд оварданд. Ин "занҷири зинда"-ро ҳудуди 40 000 нафар, ки аксаран аз тарафдорони гурӯҳи тундрав ва дар Ғаза ҳокими Ҳамосанд, ба нишони эътироз ба муҳосираи борикаи Ғаза аз сӯи Исроил ташкил додаанд.
Ба дунбол, ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли ба хушунат печидани ин намоиши эътирозӣ, нирӯҳои Исроил ба ҳолати омодабош оварда шуданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Собянин бори дигар дар бораи зарурати муҳоҷирон дар Маскав гуфт
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, дар як моҳи охир бори дуюм ба зарурати нерӯи муҳоҷирон дар пойтахти Русия таъкид кард.
Изҳороти аввали ӯ дар оғози моҳи декабр дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизиони Русия садо дод. Собянин дафъаи дувум рӯзи 24-уми декабр дар Думаи шаҳри Маскав гуфт, пойтахти Русия ба 500 ҳазор коргар ниёз дорад ва инро мешавад фақат аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ пур кард.
Вай, ки ин суханҳоро дар ҷараёни гузоришдиҳии солонааш дар баробари Думаи шаҳри Маскав баён мекард, гуфт, даст кашидан аз нерӯи муҳоҷирон мизони таваррумро боло мебарад ва дар натиҷа, иқтисоди Русия осеб мебинад.
Шаҳрдори Маскав афзуд, "ин мавзӯи ҷиддӣ аст, бо ин соҳа бозӣ кардану ба авомгарӣ ё популизм машғул шудан мумкин нест.” Ва илова кард, ки мушкилот дар соҳаи муҳоҷират бо ҳуҷуму амалиёт ҳал намешавад.
Ба иттилои Сергей Собянин, муҳоҷирон 5-6 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин мекунанд: “Бешубҳа, агар бе муҳоҷирон корро буд мекардем, олӣ буд. Вазъи демографӣ ва иқтисод, мутаассифона, қоидаҳои дигареро ба мо бор мекунанд. Имрӯз ҷойҳои холии кор аз 400 то 500 ҳазорро ташкил медиҳанд. Ҳатто агар иқтисод ба ҳолати беҳтаре баргардад, омор иваз намешавад.”
Сергей Собянин, инчунин, дар мавриди сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират сухан гуфт. Ба иттилои ӯ, дар натиҷаи тафтиши санадҳои биометрии муҳоҷирон дар фурудгоҳҳои пойтахти Русия 45 ҳазор муҳоҷир аз санҷиш нагузаштаанд.
Ӯ гуфт, беш аз як миллион хориҷӣ замимаи “Амина”-ро дар телефон насб кардаанд, ки дастрасиро ба маълумот дар бораи ҷои ҷамъшавӣ ва зиндагии муҳоҷирон осонтар мегардонад. Ин ҳама чораҳо, ба гуфтаи шаҳрдори Маскав, барои танзими соҳаи муҳоҷират имкон фароҳам кардааст. Чизе, ки муҳоҷирон сахтгирона, маҳдудкунанд ва ё поймоли ҳуқуқи худ медонанд.
Як генерали ҳукумати пешини Афғонистон дар Теҳрон кушта шуд
Икромиддин Сареъ, фармондеҳи пулиси вилоятҳои Тахор ва Бағлон дар замони ҳукумати пешини Афғонистон ва аз чеҳраҳои мухолифи ҳукумати "Толибон", шаби 24-уми декабр бар асари тирандозӣ дар назди дафтари кориаш дар пойтахти Эрон кушта шуд.
Манбаъҳои наздик ба ӯ ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтанд, ки дар ин ҳодиса Икромиддин Сареъ ва яке аз ҳамроҳонаш кушта шуда, як нафари дигар захмӣ гаштааст.
Генерал Сареъ пас аз сарнагунии низоми пешини Афғонистон ва ба сари қудрат омадани "Толибон" ба Эрон рафт ва дар онҷо барои низомиёни пешин додхоҳӣ мекард.
Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ҳукумати "Толибон"-ро муттаҳам ба террори ӯ кардааст. Ҳукумати "Толибон" то ба ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
Баъзе аз мақомҳои ҳукумати пешини Афғонистон ва ҷабҳаҳои мухолифи "Толибон" қатли ин фармондеҳи собиқи пулисро маҳкум карда, аз ҳукумати Эрон хостаанд, ки дар ин бора таҳқиқ ва омилони онро шиносоӣ кунанд.
Ҳукумати Эрон то ҳол дар ин бора ба расонаҳо чизе нагуфтааст.
Дар чанд моҳи охир ин дувумин чеҳраи мухолифи "Толибон" аст, ки дар Эрон террор мешавад.
Чаҳор моҳ пеш Маъруф Ғуломӣ, яке аз фармондеҳони ҷиҳодӣ низ дар шаҳри Машҳад боз зарби гулӯлаи афроди мусаллаҳ кушта шуда буд.
Ширкатҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон "QR код" насб мекунанд. Чаро?
Дар шаҳри Душанбе дар назди ширкатҳои сохтмонӣ ё нуқтаҳои фурӯши биноҳои нави истиқоматӣ "QR код"-ҳои махсусро насб мекунанд, ки ба гуфтаи мақомот аз ҳолатҳои фиреб хӯрдани муштариён зимни хонахарӣ пешгирӣ мекардааст. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 24-уми декабр хабар дод.
Насби "QR код"-ро дар назди сохтмони биноҳои нави истиқоматӣ, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе оғоз кардааст ва ба гуфтаи мақомот, бо ин роҳ харидор қабл аз харид ё бастани шартнома бо ширкати сохтмонӣ метавонад дар бораи сохтмон маълумоти заруриро пайдо кунад ва бисанҷад.
Яъне, бо нусхагирии "QR код" ё рамзи насбшуда тавассути телефони худ харидор имкон доранд бубинад, ки оё ширкат санади расмӣ, мисли қарори лоиҳакашӣ, шиносномаи бино ё қарори иҷозаи сохтмонро дорад ё на.
Ба гуфтаи мақомот, ин иқдом бо дастури шаҳрдорӣ ва ба хотири пешгирӣ аз хатарҳо ҳангоми хонахарӣ роҳандозӣ шудааст.
Солҳои ахир бо зиёд шудани сохтмони биноҳои дар пойтахт, баҳсу шикоятҳо низ аз кори ширкатҳои хонасоз, ҳолатҳои фиреб хӯрдани муштариён ва ё фурӯхта шудани як хона ба чанд нафар бештар шудааст.
Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон чор дидбонгоҳи нав боз кардааст
Тоҷикистон дар сарҳад бо Афғонистон, ки дар як моҳи охир шоҳиди дастикам ду ҳамла ва куштаву захмӣ шудани даҳ коргар аз Чин буд, чор дидбонгоҳи навро ба истифода додааст.
Вебсайти президент навишт, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми декабр дар ин маросим ба таври маҷозӣ ё онлайн ширкат кард.
Ба нигоштаи манбаъ, дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар минтақаи баландкӯҳ ва душворгузари сарҳад бо Афғонистон бори аввал сохта шудаанд. Минтақаҳое, ки қаблан ба таври зарурӣ муҳофизат намешудааст.
“Барои фаъолияти бемонеаи онҳо ба масофаи зиёда аз 70 километр роҳи нави мошингузар бунёд ёфта, дигар инфрасохтори ёрирасон низ фароҳам оварда шуд,” – гуфта шудааст дар хабар.
Солҳои охир, ба иттилои расмӣ, 80 дидбонгоҳи марзӣ сохта шуда, дар бунёди баъзе аз онҳо созмону кишварҳои гуногун саҳм гирифтаанд.
Дар ҳамин рӯз як майдони тонкронӣ дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон низ фаъол шуд. Ҳарбмайдон дар наздикии сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Бо вуҷуди ваъдаҳои "Толибон" дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, мақомоти тоҷик аз он тарафи марз нигаронӣ доранд. Ҷое, ки ба гуфтаашон қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҷангҷӯён камин гирифтаанд.
Марги ду кас ҳангоми фурӯ рехтани теппаи азиме дар Сари Ғор
Дар натиҷаи фурӯ рехтани теппаи азиме дар як маҳалли заршӯӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 2 нафар ҳалок шудаанд.
Манобеи огоҳ аз ҳодиса рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фалокат 20-уми декабр ҳангоми кор дар маҳалли Сари Ғор рух додааст. Дар онҷо чанд ширкат машғули заршӯӣ ҳастанд.
Як корбар низ видеоро ба Радиои Озодӣ фиристод ва ҳодисаро тасвир кард.
Бино ба гузоришҳо, чанд рӯз пештар аз ин ҳодиса дар маҳалли Шугнов дар ноҳияи Ховалинг, яке аз маҳалҳои бузурги заршӯӣ низ як нафар зери хок монда ҷон додааст.
Риоя накардани меъёрҳои амниятӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми корро яке аз сабабҳои асосии ҳалокати коргарон дар Тоҷикистон медонанд. Соли гузашта дар корхонаҳои саноатӣ ва истихроҷи маъдан 30 нафар кушта ва 26 каси дигар захмӣ шудаанд.
Муҳокима дар ҳузури сокинон. Додгоҳи сайёр 7 занро дар Ванҷ ҷарима баст
Як додгоҳи сайёр ҳафт занро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ҷазо додааст.
Ҳукумати ноҳияи Ванҷ рӯзи 24-уми декабр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки онҳо ба "таълими ғайрирасмии динӣ" гунаҳкор ва аз кардаашон "пушаймон" ҳастанд.
Мавқеи занон маълум нест.
Дар аксҳое, ки мақомот нашр карданд, онҳо бо сари хам ва дар ҳузури як гурӯҳ аз сокинони ҷамоати Язгулом, муовини раиси ноҳияи Ванҷ, сардорони шуъбаҳои амнияту корҳои дохилӣ, додситон ва намояндаҳои дигари мақомоти қудратӣ тасвир ёфтаанд.
Додгоҳи сайёр занҳоро, ки ному насабашон ифшо нашудааст, бар асоси моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҷарима бастааст. Ин банди қонун аз 1125 то 1500 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
Шонздаҳ сол боз дар Тоҷикистон гирифтани таълими динӣ танҳо дар назди волидон ва ё муассисаҳои расмӣ, ба мисли Донишкадаи исломӣ иҷозат аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳамвора мақомоти Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд. Намояндагони Кумитаи дин гуфтаанд, озодиҳои мазҳабӣ дар кишвар таъмин аст.
Ҷамояти Язгулом дар ноҳияи Ванҷ чанд соли охир дар пайванд ба боздошти сокинони он бо иттиҳоми ифротгароӣ дар сархати расонаҳо қарор дорад.
Ҳафтаи гузашта Қорӣ Зоҳид (Қувватов), сокини 30-солаи деҳаи Жамаки Язгулом, бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои ифротгаро 5 сол зиндонӣ шуд. Аз ин пештар наздик ба 27 сокини ин ҷамоат боздошт ва бархеи онҳо ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум гаштанд.
Дар Тоҷикистон ҷазоро барои шикори бабри барфӣ сахттар карданд
Дар Тоҷикистон аз ин пас барои шикори бабри барфӣ, як ҷонвари зебои нодир дар кишвар, мумкин аст, гунаҳкорро то ба 8 сол зиндон маҳкум кунанд.
Бабр, ё паланги барфӣ, ки онро паланги осиёимиёнаӣ меноманд, дар кӯҳистонҳои Помир дар Тоҷикистон сукунат дорад ва ҷонвари дар вартаи нобудӣ аст.
Дар Кодекси ислоҳшудаи ҷиноӣ, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми декабр имзо кардааст, барои фурӯхтани паланги барфӣ ҳам ҷазо таъйин шудааст.
Бар асоси Кодекси пешинаи ҷиноӣ барои шикору куштани ин ҷонвари зебо аз 3 то ба 5 сол ҷазо медоданд. Бар асоси санади нав, барои шикору куштану фурӯхтани бабрӣ барфӣ аз соли оянда ҷаримаҳои бузурги то 220 000 сомонӣ ва 8 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Дар Тоҷикистон теъдоди бабри барфӣ, ё осиёмиёнаӣ андаке афзуда, аз марзи 500 сар гузаштааст.
Агарчӣ то кунун гузорише дар бораи шикори бабри барфӣ дар Тоҷикистон нарасидааст, ҳамлаи онҳо ба чорвои мардум дар Бадахшон ва видеоҳои дастгиру озор додани онҳо дида шудааст.
Танг кардани муҳити зисти ин ҷонваронро, ки фақат дар 12 кишвар боқӣ мондаанд, як сабаби барои шикор ба хонаҳои мардум омадани онҳо медонанд.
ВКД аз қатли як падар ба дасти писар хабар дод
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз як ҷинояти мудҳиш ва ё қатли падар ба дасти писар хабар дод.
Вазорат рӯзи 23-юми декабр бо нашри баёнияе гуфт, як падари 69-сола ва писари 40-солааш зоҳиран ҳангоми сархушӣ бо ҳам ҷангу даъво кардаанд, ки бо фоҷиа поён ёфтааст.
Ба иттилои вазорат, ҳодиса рӯзи 20-уми декабр дар ноҳияи Ишкошим дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додааст.
Дар баёния омадааст, падар ҳангоми даъво бо белча ба дасти писараш зад ва писари хашмгин дар ҷавоб падарро бо чангаки оҳанин кӯфт, ки “ӯ рӯи оташдон афтода баъд аз чанд соат ҷон дод”.
Ному насаби падару писарро зикр накардаанд ва назари муттаҳам ба ҷиноят ҳам маълум нест, ки ҳоло дар боздошт аст.
Дар Тоҷикистон қатли падар ба дасти писар аҳёнан рух медиҳад ва ҷинояте ғайриқобили тасаввур дониста мешавад.
Трамп Мирзиёев ва Тоқаевро ба саммити G-20 даъват кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико президентҳои Узбекистон ва Қазоқистон Шавкат Мирзиёев ва Қосимҷомарт Тоқаевро ба ҳамоиши кишварҳои бистгона ё G-20, даъват кард.
Президенти ИМА бо раҳбарони ин ду кишвари Осиёи Марказӣ телефонӣ сӯҳбат карда, онҳоро барои ширкат дар саммити "бистгонаи бузург", ки соли оянда дар Майамии Амрико баргузор мешавад даъват намуд.
Трамп дар шабакаи Truth Social навиштааст, ки дар дар ин гуфтугӯҳо масъалаи "тавсеаи ҳамкорӣ миёни ин кишварҳоро баррасӣ кардаанд".
Маъмурияти Тоқаев гуфтааст, сӯҳбати телефонии Трамп бо Тоқаев "давомдор" буд.
Доналд Трамп барои иҷрои созишномае, ки моҳи ноябр дар доираи ҳамоиши "Осиёи Марказӣ - ИМА" тасвиб шуд, изҳори омодагӣ кардааст.
Дар сомонаи раисиҷумҳури Узбакистон гуфта шудааст, ки Мирзиёев ва Трамп ҷараёни иҷрои созишномаҳои ҳосилшуда ва дурнамои рушди равобити Узбакистону Амрикоро баррасӣ кардаанд.
Мирзиёев ва Тоқаев Трампро ба кишварҳои худ даъват кардаанд.
Президенти феълии Амрико ҳеч гоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар накардааст.
UFC шартнома бо Лоиқ Раҷабовро бекор кард
Лоиқ Раҷабов, варзишгари шинохтаи тоҷик дар намуди муҳорибаҳои омехта, аз ташкилоти маъруфи UFC берун шудааст. Рӯзи 23-юми декабр чанд сомонаи варзишӣ хабар доданд, ки ташкилоти UFC шартнома бо чанд размкор, аз ҷумла Лоиқ Раҷабовро бекор кардааст.
Худи Лоиқ Раҷабов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфт, шартномаи ӯ бо ташкилоти UFC тамдид ё дароз карда нашуд.
Лоиқ Раҷабов 35 сол дошта, соли 2023 барои чор муҳориба бо ташкилоти UFC шартнома баста буд. Ин варзишгари тоҷик аз чор муҳорибаи гузарондааш дар UFC дар ду муҳориба ғалаба ба даст оварда, ду рақобати дигарро бохтааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки чаро ташкилоти UFC шартнома бо Лоиқ Раҷабовро тамдид накард.
Лоиқ Раҷабов дар муҳорибаҳои омехта (ММА) аз 25 рақобат дар 18-тоаш пирӯз шуда, шаштоашро бохтааст ва яктоашро мусовӣ кардааст. Ӯ, ки дар дар муҳорибаҳои ММА аз соли 2012 ширкат мекунад, бо ташкилоти UFC барои чор муҳориба шартнома баста буд.
Бо берун шудани Лоиқ Раҷабов акнун дар ташкилоти UFC се варзишгар аз Тоҷикистон монд. Муҳаммад Наимов, Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров аз Тоҷикистон дар UFC баромад мекунанд. Аммо ҳеч яке аз ин варзишгарон то ҳол ба рӯйхати 15 варзишгари беҳтарини вазни худ шомил нашудаанд.
Ҷасади се ҷавонро аз обанбори Норак берун оварданд
Наҷотбахшони тоҷик дар Норак ҷасади се ҷавонеро аз дарё берун оварданд, ки зимни қаиқронӣ ғарқ шудаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, шаби 21-уми декабр як гурӯҳи 7-нафара мехостанд ба воситаи қаиқи дорои муҳаррик аз як деҳа ба деҳаи дигар гузаранд. Дар роҳ дар наздикии соҳил қаиқ чаппа шуда, ҳама ғарқ мешаванд.
Кумита хабар додааст, ки 4 нафари онҳо, ки сокинони шаҳри Норак буданд, наҷот ёфтанд, аммо се нафари дигар ҷон доданд ва ҷасадҳои се нафари дигар баъди ҷустуҷӯҳо пайдо ва берун оварда шудааст.
Дар пайи ин ҳодиса наҷотбахшон аз сокинон хостааст, ки зимни қаиқронӣ қоидаҳои бехатариро риоя карда, қаиқҳои худро ба фасли зимистон омода кунанд ва аз истифодаи қаиқҳое, ки барои фасли сармо мувофиқ нестанд, худдорӣ намоянд.
Ҳамасола мақомот аз марги даҳҳо нафар дар дарёҳо хабар медиҳанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, маъмулан ин ҳодисаҳо дар тобистон ва ҳангоми оббозӣ рух медиҳанд.
Ҳукумати “Толибон” консулгарии Афғонистонро дар Хоруғ бастааст
Ҳукумати “Толибон” консулгарии Афғонистонро дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки зери назари ин гурӯҳ кор мекард, бастаанд.
Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Кобул дар ин бора бо такя ба як манбааш дар Душанбе хабар дод.
Ба навиштаи рӯзнома, "Толибон" ҳамчунин консул Нақибуллоҳ Деҳқонзодаро низ барканор кардаанд. Деҳқонзода пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон эълон карда буд, ки ниҳоди онҳо зери ҳокимияти "Толибон" кор мекунад.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари баста шудани консулгарии Афғонистонро дар Хоруғ на тасдиқ карданд ва на рад, танҳо гуфтанд, ки "ин тасмими ҳар кишвар аст".
Як манбаи Радиои Озодӣ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 23 декабр ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, як ҳафта мешавад дари ин консулгарӣ баста аст ва фаъолият намекунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, Нақибуллоҳ Деҳқонзода ва муовинаш ба Кобул рафтаанд.
“Ҳашти субҳ” навиштааст, ки Деҳқонзода даромадҳои ҳосилшуда аз хадамоти консулиро, ки беш аз 100 ҳазор доллар будааст, низ бо худ ба Кобул бурдааст.
Тоҷикистон то кунун ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст ва сафорати Афғонистон дар Душанбе дар ихтиёри сафири ҳукумати пешини Кобул қарор дорад. Масъулони консулгарии Хоруғ борҳо эълон карда буданд, ки аз ҳукумати "Толибон" намояндагӣ мекунанд.
Хабари баста шудани консулгарии Афғонистон дар Хоруғ дар ҳолест, ки равобити Душанбе бо ҳукумати "Толибон" дар пайи сафару боздиди ҳайатҳои ду тараф рӯ ба гармшавӣ дорад.
Фуруди изтирории ҳавопаймои Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд
Ҳавопаймои ҳомили раисиҷумҳури Тоҷикистон шаби 22 ба 23 декабр бинобар номусоидии ҳаво дар шаҳри Хуҷанд нишасти изтирорӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта дар нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург иштирок кард ва баъди ин ҳамоиш бояд ба Душанбе бармегашт.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи сешанбе ба бӯстонсарояш воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд рафтааст. "Аз ин рӯ, бозорҳои калони шаҳри Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бастаанд", -- мегӯянд манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Хуҷанд.
Як манбаъ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе рӯзи 23 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамаи ҳавопаймоҳоеро, ки аз Русия омаданд, ба шаҳри Хуҷанд фиристоданд. Бо сабаби туман фурудгоҳи Душанбе аз ними шаби 23 декабр то ними рӯз ҳавопаймоҳоро қабул карда натавонист".
Фуруди изтирории ҳавопаймои раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки ҳавошиносон аз 22 то 24 декабр дар ҷумҳурӣ фаромадани меғ (туман) ва яхбандиро пешгӯӣ карда буданд.
Аз шоми 22 декабр Душанберо туман фаро гирифтааст ва вазъ субҳи 23 декабр низ чунин буд.
Туман боиси қатъи муваққати парвозҳо аз фурудгоҳи Душанбе шуд
Дар пайи фаромадани тумани сахт дар шаҳри Душанбе, парвозҳо аз фурудгоҳи пойтахт муваққатан қатъ шудааст.
Аз шоми 22 декабр Душанберо туман фаро гирифтааст ва вазъ субҳи 23-уми декабр низ чунин буд.
Бар асоси онлайн-лавҳаи фурудгоҳи Душанбе, ҳамаи парвозҳо, аз ҷумла парвозҳо ба самти Маскав, Дубай, Екатеринбург ва баръакс аз соати 12-и шоми 22 ба 23-юми декабр қатъ шудаанд.
Парвоз ба шаҳри Хоруғ, ки тибқи ҷадвали фурудгоҳ имрӯз, соати 12:20 ба нақша гирифта шуда буд, низ лағв шудааст.
Ҳавошиносон аз 22 то 24 декабр дар ҷумҳурӣ, фаромадани туман ва яхбандиро пешгӯӣ карда буданд.
Маълум нест, ки парвозҳои ба таъхир афтода кай барқарор мешаванд.
Мақомот аз чанд ҳолати дуздии барқ хабар доданд
Мақомоти Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика аз ошкор шудани як ҳолати дуздии барқ аз сӯйи корманди муассисаи тақсимоти барқ хабар доданд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, корманди зеристгоҳи барқӣ дар минтақаи Кӯлоб аз бинои навбатдорӣ то хонаи истиқоматиаш, пинҳонӣ хатти барқ кашида, бидуни пайвасткунӣ ба ҳисобкунак барқ истифода мекардааст.
Назари гумонбар дар дуздии барқ маълум нест.
Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика дар пайи як санҷиш дар шаҳру ноҳияҳо аз ғайриқонунӣ истифода шудани нерӯи барқ аз сӯйи сокинон нигаронӣ кардаасӣ.
Бино ба гузориши ин ниҳод, дар пайи санҷиши зеристгоҳҳои барқӣ дар шаҳру навоҳии кишвар, чандин ҳолати қонуншиканӣ, аз ҷумла ду ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ ошкор шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ахиран мубориза бо дуздии барқро сахттар карданд. Аз ҷумла, ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид шуд, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.