Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Толибон ба манораҳои телефонҳои ҳамроҳ


Ҷангиёни Толибон таҳдид кардаанд, ки агар ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳ сигнали худро шабона хомӯш накунанд, дар саросари Афғонистон даст ба тарконидани манораҳои иртиботи телефонӣ хоҳанд зад. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳи Муҷоҳид гуфт, нирӯҳои таҳти фармондеҳии паймони низомии НАТО аз сигнали телефонҳои ҳамроҳ ба хотири таъқиби чирикиҳо ва таҳияи ҳамалот алайҳи онон истифода мекунанд.

Сухангӯи Толибон гуфт, агар ширкатҳои телефони ҳамроҳ то 3 рӯзи дигар пахши сигнали худро хомӯш накунанд, ҷангиёни Толибон дафтари кор ва манораҳои пахши сигнали ин ширкатҳоро дар саросари кишвар ҳадаф қарор хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG