Идораи кишоварзии вилоят бо изҳори нигаронӣ аз ин вазъ хостори кумак барои бартарафсозии мушкилоти чорвопарварон шудааст. Айни ҳол хоҷагиҳои фермерии вилоят ба зиёда аз 60 тонна хӯрокаи омехтаи чорво ниёз доранд. Адолат Ҳайдарова, муовини сардори идораи кишоварзии Бадахшон, гуфт, боришоти зиёди барф, махсусан дар мавзеъи Сағирдашт, мушкилоти зиёд эҷод кардааст. Ба таъйиди ӯ, ҷиҳати ғафсии барф дар инҷо ҳатто ба молхонаҳо даромадан ва чорворо берун баровардан душвор шудааст, инчунин бар асари камбуди ғизо зиёда аз 120 сар гӯсфанди маҳинпашми зоёро аз ночорӣ забҳ кардан лозим шудааст.
Саршумори гӯсфанди маҳинпашм дар инҷо дар авохири солҳои 1980-ум ба 25 000 расидааст, аммо бар асари таъсири ҷанги шаҳрвандӣ феълан ҳамагӣ 4 000 сар боқӣ мондааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи вижаи афзоиш додани саршумори гӯсфандони маҳинпашмро дар заминаи хоҷагии чорвопаварии инҷо ба тасвиб расондааст. Ба гуфтаи А. Ҳайдарова, ба гӯсфандпарварони Сағирдашт ахиран аз ноҳияи Ёвон 12 тонна хурокаи омехтаи чорво кумак шудааст, аммо ин барои наҷоти вазъи буҳронӣ кифоя набудааст.
Ба иттилоъи идораи кишоварзии вилоят, дар ҳоле ки тирамоҳ дар 923 гектар замин кишти тирамоҳӣ гузаронида шуда буд, бар асари сармоҳои шадиди ахир 70 дарсади ин кишт талаф шудааст. Ҳамчунин 25 фоизи захираи тухмии картошка ва 10 дарсади дарахтон дар ниҳолхонаҳо аз таъсири сармо зарар дидаанд.
Боришоти зиёди барф ва тармакучӣ ба муваққатан қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт дар ҷоддаҳои Хоруғ-Душанбе ва Хоруғ – Уш ва Хоруғ – Ишкошим гардида, ҳанӯз аз тарма тоза нашудаанд.
Бар асари барфи зиёд ҳамчунин як сокини 47-солаи деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар аз сокинони онро мардум наҷот додаанд.
Идораи обуҳавосанҷии вилоят иттилоъ медиҳад, ки дар моҳи феврал дар мавзеъи Булункули ноҳияи Мурғоб 43 дараҷа аз сифр поин шудани ҳаво ба қайд гирифта шуд.
Ба нокия билайнма батарейка харида натонистестам , и мардако уже айфон 13 14 мехаран . Тин ба тин сумота чам мекники кудакот гишна намонан. Ачиб коре шид у руз дар вакти пешвози Путин. Хамакаса дар гирди телевизор тамошо доштем ки фарзанди хурди мега падарчон ича кичояй ихе хушру Пури мева ? ! Гуфтм бачам ичара монанди бихишт кардан . Кудака аклша Бин - Падарчон Бад Путинам бихишт мерава ?! Хдм да хдм местм савол метиюм дар Кадом бихишт охи бачам зиндон бдай , одамдузди бдай , одамкуши бдай , шиканчаи бегунохон бдай , порахури бдай , авлодбози бдай , котилон ба обрую бечорагон душман бдай ?! ээээ ачаб давру замоне омадааст. Хакикат чун руз равшан АСТ , лекин одамхое боз пайдо мешаванд ки маккории худро истифода карда мардума фикрашро ба дигар тараф мебаранд ... Азизон кадри якдигар бидонед , То ба нодонию сарсони намонед.
Пантуркизм ба шакли мудернаш, яъне Туранизм аз нав авч гирифта истодааст, ин дафъа бо дастгирии абаркудратхои гарб. 1. Вакте ки галабаи ТОЧИКОН дар интихоботи навбатии Афгонистон маълум шуд, Туркия, Катар, Покистон бо ваъдаи он ки бар зидди ИРОН, ЧИН ва РУССИЯ дар вакти зарури истифода мешаванд, барои овардани Толибон бо хочагони гарби забон як карданд.
Марг ба додситони порахӯри эмонфурӯш. Ту фикр намекуни, ки ин гуфтаҳои ту ба ягон ақл рост намеояд ва гуфтаҳои туро ҳама дунё мехонанд ва нисбати миллату давлат чи фикр мекунанд?
Мухтарам точикони хамсоя (кормандони хифзи хукук) ба умеди зиндони карадани рузноманигорон фоидае нест! Чунки пагох даххо ва садхо Далеру Абдулоххо мебароянд. Шумо фикри имрузро кардед! Пагохро фикр надоред???????????
Додистони и нохияи Файзобод муфатишони шумо ранги фолбин ба падараш гуфтаанд, ки у чин дошт барои хамон худаша корд зад.... Кадом одам худашро 26 бор корд мезанад?? Ба ангишти даст ягон хор занад одам асаби мешад , кучоро хондаед муфатишони ман хайрон...., тафтишота соз гузаронен худаш малум мешад хеч вакт зан кудакошра гузошта худро ба ин кор даст намезанад, ба фикри ман ин худкуши не балки куштор аз тарафи хешовандони шавхарам мебошад ,.. Хайрият дар Япония нестен мегуфтен, ки харакири кард ин якудза буд.... Ба хешовандони фавтида сабру токат....