Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раул Кастро-раҳбари нави Куба


Рӯзи якшанбе Раул Кастро раисҷумҳури нави Куба интихоб шуда, ҳукми 49-солаи бародараш Фидел Кастроро ба анҷом расонд. Ӯ тасмим гирифтааст роҳи рушди коммунистиро идома диҳад. Раул Кастрои 76-сола бо хурсандӣ кафкӯбии вакилони Маҷлиси қонунгузорро қабул намуд.
Комунисти ашаддии муҳофизакор Хосе Рамон Мачадо Вентура ноиби аввали раисҷумҳури Куба пазируфта шуд.
Дар аввалин паёмаш ба ҳайси раҳбари нави Куба Раул Кастро гуфт, ки ҳангоми арзёбии масъалаҳои муҳими давлатӣ ӯ метавонад бо бародараш Фидел Кастро машварат кунад.
.
XS
SM
MD
LG