Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вусъати мушкилоти шифохонаҳои Тоҷикистон


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (WHO) мегӯяд, ҳанӯз ҳам 50 дар сади бемористонҳои Тоҷикистонро пайваста аз нерӯи барқ маҳрум мекунанд ва ё баъзе бемористонҳо комилан аз нерӯи барқ бенасибанд. Вале мегӯяд, ин созмон, ҳанӯз ҳам вусъати мушкилоти бемористонҳои Тоҷикистон маълум нашудааст, зеро аз манотиқи кӯҳии дурафтода ва дармонда дар доми барф иттилоъоти бисёр кам мерасад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, барои кӯмак ба бемористонҳои Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақрибан 900 ҳазор доллар хостааст ва барои расидагӣ ба ниёзҳои фаврии беморону бемористонҳо ин пул бояд дар рӯзҳои наздик ба даст оварда шавад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт нигарон аст, ки хадамоти номуносиби беҳдоштӣ ва таъмини номуназзами бемористонҳо бо оби пок метавонад сабаби хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон шавад.

XS
SM
MD
LG