Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи сенаторҳо нишасти изтирорӣ анҷом дод


Як чархболе, ки дар он се сенатори амрикоӣ нишаста буданд, бо сабаби тундбоди шадиди барф дар кӯҳҳои Афғонистон нишасти изтирорӣ анҷом дод. Ҷон Керри, Ҷозеф Байден ва Чак Ҳагел, ки дар натиҷаи ин нишаст ҳеҷ осебе надиданд, дафъатан ба пойгоҳи низомии амрикоиҳо дар Багром, наздикиҳои Кобул интиқол дода шуданд. Чанде баъд, сенаторҳо ба қасди Туркия Афғонистонро тарк карданд.
XS
SM
MD
LG