Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Клинтон дар мавриди Куба ихтилоф доранд


Дар аёлати Тексас баҳси мустақими телевизионӣ миёни ду рақиби курсии раёсатҷумҳурии ИМА аз ҳизби демократи ин кишвар сенаторон Барак Обама ва хонум Ҳилларӣ Клинтон ба анҷом расид. 4-уми март дар ин аёлат интихоботи дохилиҳизбӣ барои пешбарии номзад ба курсии президенти ИМА барпо мешавад.
Дар 11 сабқати ахир ва аз ҷумла райъдиҳии демократҳои муқими кишварҳои хориҷӣ Клинтон ноком шудааст.
Аснои баҳс дар масъалаи равобит бо Куба баъди истеъфои раҳбари ин кишвар Фидел Кастро табодули назар сурат гирифт.
Клинтон гуфт, то замони эҳтироми ҳуқуқи башар ва ислоҳоти сиёсӣ дар Куба ӯ бо мақомоти ин кишвар сари мизи музокирот нахоҳад нишаст.
Вале Обама иброз дошт, ки бо онҳо бидуни кадом пешшарте музокирот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG