Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабақи носутурдании низоми шӯравӣ


Дар кишварҳои собиқ шӯравӣ ба вижа дар мамолики Осиёи Марказӣ солҳои ахир як нав тамоюли аз сари нав барқарор кардани шеваи раҳбарии собиқ шӯравӣ нерӯ мегирад.

Ба гуфтаи сиёсатшиноси шинохтаи қазоқ Досим Сатпаев ин раванд ҳанӯз аз солҳои навадуми садаи гузашта баъди ба истиқлолият расидани ин кишварҳо оғоз гардида буд ва он кунун ба худ шеваҳои нав касб карда истодааст. Яъне дар ин кишварҳо зоҳиран барои бунёди ҷомиаи демократӣ талош доранд. Ҳамаи ин кишварҳо дар Қонуни асосии хеш бунёди ҷомиаи демократӣ ва тақвияти ниҳодҳои шаҳрвандӣ, таъмини озодиҳои сиёсии аҳли ҷомиаро сабт кардаанд. Онҳо тибқи қонунҳои хеш интихоботҳои парлумониву президентӣ доир мекунанд, вале дар асл чунин интихоботҳо бо тақаллубу тахаллуф ва таҳти таъсири бевоситаи сарварони ин кишварҳо сурат мегиранд ва бо чунин шеваҳо сарварони минтақа ҳокимияти худро қонунӣ мекунанд. яъне дар зоҳир ҳокимияти демократӣ вале дар асл боз ҳамон тақвияти ҳокимияти худкомаи хеш. Ин равандро сиёсатшиносон аз ҷумла Досим Сатпаев ташаккули системаи сиёсии нави шуравӣ дар минтақа арзёбӣ мекунад.

Сиёсатшинос Досим Сатпаев мегӯяд, ки дар бисёр кишварҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи марказӣ системаи сиёсии нави шуравӣ ташаккул меёбад, яъне зоҳиран дар ин кишварҳо ниҳодҳои демократӣ ба вуҷуд овардаанд, вале ҳамаи ин ниҳодҳо сохтаву намоишианд ва вале дар асл ҳамон муносиботи мутақобилаи ҳокимият ва мардум боқӣ мондаанд. Вақтҳои ахир бештар аз пештар чунин шабоҳатро байни системаи сиёсии шӯравӣ ва системаи кишварҳое, ки дар маҳдудаи шӯравӣ пайдо гардидаанд, метавон мушоҳида намуд.

Ба андешаи ӯ, тақвияти чунин системаи сиёсӣ дар ин кишварҳо қабл аз ҳама марбут ба он аст, ки дар ин кишварҳо ҳамон сарвароне боқӣ мондаанд, ки дар даврони шӯравӣ низ дар сари қудрат буданд ва ё аз он мактаб гузаштаанд. Сиёсатшинос иброз медорад, ки ҳам Назарбоеву ҳам Каримов ва ҳатто Раҳмон ҳамонҳоанд, ки дар деги системаи сиёсии шуравӣ ҷӯшидаанд.

Сиёсатшиноси дигари қазоқ Айдос Саримов сарвари сандуқи ба номи Олтинбек Сарсенбоев низ ба ин гуфтаи ҳампешааш мувофиқ аст. Вай меафзояд, ин сарварон чизеро, ки дидаанд, онро такрор мекунанд ва атрофиёнашон низ аз онҳо ибрат мегиранд. Онҳо ба бемориҳои даврони шӯравӣ сироят ёфтаанд ва аз ин хотир онҳо он чизеро, ки дар он давра буд, барқарор мекунанд.

Ба таъкиди сиёсатшиносон алъон дар чанд роҳи ба истилоҳ даврони шӯравӣ дар ин кишварҳо пиёда мегардад, ки яке аз онҳо ба вуҷуд овардани ҳизби ҳоким таҳти сарварии раисони ҷумҳур ва дигаре кӯшиши ин сарварон барои бо роҳҳои гуногун дар даст нигоҳ доштани ҳокимият аст. Зеро дар даврони шӯравӣ низ як ҳизб ҳизби коммунисти шӯравӣ дар сари қудрат буд ва тавре он даврон дар ҳама ҷой менавиштанд ин ҳизб ба истилоҳ илҳомбахши ҳама ғалабаҳои мардуми шӯравӣ буд. Тавре сиёсатшинос Андрей Чеботарев сарвари маркази таҳлиливу иттилоотии Алтернатива мегӯяд, чунин ҳизб дар Қазоқистон ҳизби ҳамноми раиси ҷумҳур Нуротан, дар Қирғизистон ҳизби Акжол ва дар Тоҷикистон Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аст. Дар Ӯзбакистон бошад ҳама аҳзоб дар хидмати раисҷумҳур қарор доранд ва инро ба гуфтаи сиёсатшинос интихоботи ахири президентӣ низ собит кард ва дар он ҳама аҳзоб аз раисҷумҳур Ислом Каримов ҷонибдорӣ карданд.

Андрей Чеботарёв таъкид мекунад, ки алъон дар Қазоқистон барои тамоман наздик сохтани ҳизби Нуротан ба ҳизби коммунисти шӯравӣ гоми дар Қазоқистон ва минтақа нав, вале аз даврони Шӯравӣ боқимондаро пеш гирифтаанд.

Сарвари Маркази иттилоотиву таҳлилии алтернатива иброз медорад, алъон чунин тамоюле мавҷуд аст, ки раисҷумҳур, ки лидери Ҳизби нуротан аст, кӯшиш дорад, мақом ва салоҳияти ҳизбро боло бардорад ва ба он чун дар даврони шӯравӣ, ки ҳизби коммунист аз ҷумла кумитаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ба кумитаҳои иҷроия назорат мебурданд, чунин салоҳияти назоратиро бидиҳад. Ҳамаи ҳамсӯҳбатони мо бар инанд, ки ҳадафи асосии ин ҳизбҳои ҳоким ба муддатҳои тӯлонӣ таъмин кардани сарварии лидери ҳизб дар кишвар аст на таъмини рушди ҷомиа ва озодиҳои мардум.

Ҷузъи дигари шабеҳи даврони шӯравӣ ва ё нусха ё копии он бо роҳҳои гуногун дар даст нигоҳ доштани ҳокимияти як шахс дар кишвар аст. Дар даврони шӯравӣ сарварони ҳизб, ки сарвари кишвар ҳам буданд, солҳои дуру дароз ва ҳатто то охири умр дар мақоми раҳбарӣ мемонданд ва дар ин робита Сталину Брежнев ба истилоҳ рекорд гузоштаанд ва кор ба ҷое расида буд, ки Брежнев солҳои ахири раҳбариаш ҳатто нерӯи сухангуиашро низ аз даст дода буд. Ба гуфтаи аҳли назар шогирдони дирӯзаи Сталину Брежнев, яъне сарварони имрӯзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ағлабашон коммунист буданд, дар масъалаи шеваи сарварӣ ба устодони хеш содиқ монданд ва даҳсолаҳост, ки ҳокимиятро дар қабзаи хеш нигоҳ медоранд ва тавре Амирҷон Косанов мегӯяд, сарварони имрӯзаи кишварҳои Осиёи марказӣ намехоҳанд, аз ҳокимият дур шаванд ва онҳо роҳҳову василаҳои гуногунро пайдо мекунанд, ки дар сари қудрат боқӣ монанд ва агар С. Ниёзов аз олам намегузашт, вай низ ҳамоно ҳокимиятро дар Туркманистон дар дасти хеш нигоҳ медошт.

Муовини раиси ҳизби сосиал демократии Қазоқистон таъкид мекунад, ки чун ҳокимият ба муддати тулонӣ дар дасти як шахс мемонад ва тамоми ниҳодҳои ҳокимият, яъне ҳокимияти иҷроияву қонкунбарор ва додгоҳу расонаҳои хабарӣ ба вай хидмат мекунанд, ин ба ояндаи кишвар таъсири номатлуб мегузорад ва ҷомиа рушд намекунад. Ба андешаи Андрей Чеботарев, чунин ҳокимияти худкома наметавонад иқтисодиёти солимро ба вуҷуд оварад. Досим Сатпаев бошад бар ин аст,ки чунин шеваи сарварии шабеҳ ба даврони шӯравӣ паёмадҳои боз ҳам ногувортар дорад. Ба таъкиди сиёсатшинос барои системаҳо пойдевори қавӣ бовари бузурги ҷомиа ба ҳокимият ва мавҷудияти ниҳодҳои демократӣ мисли аҳзоби сиёсӣ ва ҷомиаи шаҳрвандианд. Агар чунин пойдевор вуҷуд надошта бошад, ҳар гуна биное, ки ҳарчанд баланду зебост, чунин бино дер ё зуд хароб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG