Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифин дар Арманистон идома дорад


Рӯзи дуввум аст, ки ҳудуди 25 ҳазор нафар тазоҳургар дар пойтахти Арманистон шаҳри Ереван ба зидди натиҷаҳои расмии интихоботи раёсати ҷумҳур эътироз мекунанд. Дар интихоботи ҳамин ҳафта ба гуфтаи комиссиюни интихоботӣ нахуствазири кишвар Серж Саркисён пирӯз шуд.

Аммо тарафдорони номзади мухолифин Левон Тер Петросиён мегӯянд, ки интихобот олуда ба таққалуб буд ва бояд аз нав баргузор шавад.

Бар асоси натиҷаҳои расмӣ, Серж Саркиссиён 53 ва Левон Тер Петроссиён раиси ҷумҳури собиқ беш аз 21 дар сади раъйи мардумро ба даст овардаанд.

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, ки интихоботи Арманистон тақрибан мувофиқ ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG