Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентии Арманистон анҷом ёфт?


Дирӯз дар Арманистон интихоботи президентӣ барпо шуд. Сарвазири феълии Арманистон Серж Саркисян ва собиқ президенти ин кишвар Левон Тер-Петросян довталабҳои асосии курсии раёсатҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Бар пояи қонунҳои Арманистон барои ҷилавгирӣ аз даври дуюми интихобот яке аз номзадҳо бояд беш аз 50% овозҳоро ба даст орад.
Комиссияи марказии интихоботи Арманистон як соат пеш аз баста шудани ҳавзаҳои интихоботӣ гуфт, ки дар раъйдиҳии рӯзи сешанбе 57% овоздиҳандгон иштирок карданд. Натиҷаи аввалияи интихобот имрӯз эълон мешавад.
Сухангӯи Левон Тер-Петросян Арман Мусинян мегӯяд, имрӯз дар шаҳри Ереван ба нишони тақаллуб дар интихобот мухолифини ҳукумат раҳпаймоӣ ташкил хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG