Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фидел Кастро ба истеъфо рафт


Баъди 49 соли раҳбарӣ инак рӯзи сешанбе, 19 феврал раҳбари Куба ва фармондеҳи артиш аз мақоми худ канор рафт. Тасмими истеъфои Фидел Кастро дар нашрияи расмии "Granma" ба чоп расид. Кастрои 81-сола 19 моҳ пеш бо сабаби маризиаш барои муддати муваққат идораи давлатро дар ихтиёри бародари худ - Раул вогузор карда буд. Имрӯз зимни суханрониаш аз Руанда раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ки умедвор аст, ки канорравии Кастро давраи оғози таҳаввулоти демократӣ дар Куба мешавад. Комиссиюни Аврупо изҳори омодагӣ кард, ки ҳамакнун бо давлати Куба вориди як музокироти созандаи сиёсӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG