Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳрумияти Тоҷикистон аз ширкат дар Ҷоми Осиё


Тими футболи наврасони Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё миёни бозигарони зери 16-сола маҳрум гардид.

Кумитаи ахлоқу интизоми Конфедеросиюни футболи Осиё дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Куриёи Шимолӣ, Ироқ ва Тоҷикистонро бар асоси намунагирии санҷишҳои махсуси тиббӣ, ки беш аз 16 сол доштани футболбозонро собит кардааст, аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё маҳрум кард.

Бар асоси тасмими мазкур, инчунин, федеросиюнҳои миллии футболи ин кишварҳо ҳар кадом ба маблағи 4 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима хоҳанд пардохт.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Федеросиюни футболи Тоҷикистон мегӯянд, ба ин тасмими кумитаи ахлоқу интизоми Конфедеросиюни футболи Осиё мувофиқ нестанд. Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз болои ин тасмим ба Конфедеросиюни футболи Осиё шикоят бурдаанд.

Ӯ афзуд, соли гузашта ҳангоми ширкати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё дар Аморати Муттаҳидаи Араб бозигари мо Амирбек Саидовро ташхиси махсуси тиббӣ карда, аз рӯи устухони дасти чапаш ӯро як сол калон ҳисобидаанд. Мо ба натиҷаи ин ташхис розӣ нестем ва эътирози худро ба қарори кумитаи ахлоқу интизоми AFC бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Конфедеросиюни футболи Осиё ирсол кардем.

Инчунин бар асоси тасмими кумитаи ахлоқу интизоми Конфедеросиюни футболи Осиё дастаҳои мунтахаби наврасони Бутан, Камбоҷа, Бангладеш, Қирғизистон ва Макао, ки ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё роҳхат нагирифтаанд, барои дар мусобиқаи интихобӣ истифода кардани бозигарони синнашон аз 16-сола боло ҳар кадом ба маблағи 4 ҳазор доллар ҷарима баста шуданд.

Конфедеросиюни футболи Осиё рӯзҳои наздик рӯйхати тимҳои ширкаткунандаи даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни бозигарони то 16-соларо, ки аз 4-ум то 19-уми октябри соли 2008 дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор мешавад, эълом хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG