Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониёни бомбгузории Қандаҳор


Бино ба гузоришҳо, теъдоди қурбониёни бомбгузории интиҳорӣ дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон аз 100 нафар ҳам гузаштааст. Ин бомбгузорӣ дар рӯзи якшанбе хунбортарин ҳамла дар Афғонистон пас аз суқути Толибон дар соли 2001 маҳсуб мешавад. Волии Қандаҳор Асадулло Холид имрӯз гуфт, теъдоди қурбониён даҳҳо нафари дигар ҳам бештар шавад, зеро вазъи бисёре аз маҷрӯҳон бисёр бад аст. Мақомоти Афғонистон Толибонро масъули ин ҳамла хонданд, вале ҷангҷӯёни толиб ин иддаъоро рад карданд. Дабири кулли Созмони Милал Бан Ги Мун ин ҳамларо башиддат маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG