Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути муҳоҷирон ва 213 шаҳрванди ихроҷшудаи Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр", ки бо як парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ ба Маскав рафта буд, субҳи 20-уми май ба Душанбе расид. Ба гуфтаи мақомот, бо ин ҳавопаймо 213 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо қарори додгоҳҳои Русия ихроҷ шуда буданд, ба ватан оварданд. Инчунин бо ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" ҷасади чанд муҳоҷири тоҷик низ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Бар асоси муқаррароти феълии Тоҷикистон онҳое, ки аз хориҷа меоянд барои ду ҳафта ба карантин фаро гирифта мешаванд. Масъулини Вазорати тандурустӣ то ҳол нагуфтаанд, ки 213 муҳоҷири баргашта дар куҷо давраи карантини худро мегузаронанд.

Як манбаи огоҳ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни онҳое, ки ба ватан оварда шуданд, занону кӯдакон низ ҳастанд. "Кӯдакони бархе аз онҳо дар замони боздошти волидон дар назди шиносу хешовандон буданд,"-афзуд манбаъ.

Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри як иттилоия гуфт, бо парвози махсус ҳамчунин маводи доруворӣ ва либосҳои муҳофизатӣ оварда шуд, ки тоҷикони муқими Русия тақдим кардаанд.

Аз он пеш масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, парвоз ба фурудгоҳ "Домодедово" ғайринақшавӣ буда, "ба ҳавопаймо нафароне роҳ дода мешаванд, ки аз пеш номнавис шудаанд".

Аммо манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, гапи намояндаи "Тоҷик Эйр" дуруст нест, чун ягон феҳрасти мусофирон барои парвоз вуҷуд надорад.

"Ин парвози махсус аст ва танҳо барои интиқоли боздоштшудаҳо аст. Ҳарими ҳавоӣ ҳамоно бастааст ва азбаски мардум беш аз 30 рӯз дар боздошт буданд, чунин тасмими истисноӣ бо мувофиқаи мақомоти Тоҷикистону Русия гирифта шуд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, рӯзи 19-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, ҳавопаймо ҷасади муҳоҷирони фавтидаро низ ба ватан барад. Ин муҳоҷирон бо сабабҳои гуногун дар Русия фавтидаву пайвандонашон дар интизори боз шудани марзҳо ҷасадҳоро дар сардхона нигоҳ медоштанд.

Манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина ҳеч ишора накард. Вале сомонаи "Тоҷинфо" бо такя ба манобеи худ навиштааст, "ҳавопаймо 28 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон ва зиёда аз 200 нафареро, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Сахарово қарор доштанд, мебарад."

Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз моҳи март ба ин тараф мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд. Онҳо мегӯянд, дар шароити коронавирус дар онҷо кори худро аз даст дода, ба сахтӣ рӯз мегузаронанд.

Сафи онҳое, ки ҳукми ихроҷашон содир шуда, дар боздоштгоҳҳои Русия ҳастанд, вале имкони бозгашт ба ватанро надоранд, низ кам нест.

Муҳоҷирон борҳо мақомоти Тоҷикистонро барои он танқид кардаанд, онҳоро бо парвозҳои чартерӣ ба ватан наоварданд. Бахусус муҳоҷироне, ки барои бозгашт билет гирифта буданд, вале ба сабаби якбора қатъ шудани парвозҳо дар шароити ногуворе дар Русия қарор гирифтанд.

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон ва Олмону Қазоқистон ҳам шикоят доранд, ки ҳафтаҳо имкони бозгашт ба кишварро надоранд.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 20-уми май навиштааст, "роҳбарияти давлат ва Ҳукумат аз вазъи душвори шаҳрвандони кишвар, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии ҷаҳонии COVID-19 дар кишварҳои гуногуни дунё дармондаанд, огаҳ буда, тадбирҳои заруриро меандешад, то ҳамаи ҳамватанонро аз хориҷа дар наздиктарин фурсат ба Ватан солим баргардонад."

Ба навишта ВКХ, тасмим аст, ки шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба ватан баргардонда шаванд.

Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми май гуфт, Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар садади тартиб додани ҷадвали бозгардондани шаҳрвандон аз хориҷа аст. Маълум нест, ин кор кай сурат мегирад.

Тоҷикистон бо нигаронӣ аз эҳтимоли сирояти коронавирус парвози ҳавопаймоҳоро ба қаламраваш аз рӯзи 19-уми март ба таври ногаҳонӣ қатъ кард. Баъд аз қатъи парвозҳо то ин вақт танҳо чанд парвози махсус барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба кишвар анҷом шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG