Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF гуфт, иттиҳомот ба зидди хабарнигори тоҷик "пуч" аст


Далер Шарифов ҳангоми мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар моҳи январи соли 2020
Далер Шарифов ҳангоми мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар моҳи январи соли 2020

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, Далер Шарифов хабарнигори тоҷикро, ки қарор аст, имрӯз муҳокимааш оғоз ёбад, фавран раҳо кунад.

Созмони мазкур, ки дар Фаронса қароргоҳ дорад, рӯзи 11-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ иттиҳомоти ифротгароӣ ба зидди Далер Шарифовро “пуч” хонда ва гуфтааст, боздошти ӯ дар остонаи интихоботи порлумонӣ дар моҳи март, ки натиҷааш аз пеш маълум буд, “ҳушдори нав мақомот ба хабарнигорон ва расонаҳои танқидгар” аст.

Дар интихобот ҳамонгуна ки интизор мерафт, ҳизби ҳокими Халқии демократии Тоҷикистон ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шуд. Хабарнигори тоҷикро рӯзи 28-уми январ маъмурони амниятӣ дастгир карданд ва баъд аз чанд рӯз додситонӣ гуфт, ки ӯ “ба барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муттаҳам мешавад. Дар Тоҷикистон барои чунин ҷиноят то 5 соли зиндон ҷазо медиҳанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Далер Шарифов аз соли 2013 то соли 2019 "200 матлабу мақола"-е нашр кардааст, ки "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ" ҳастанд ва "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ равона шудаанд". Худи Далер Шарифов ва хонаводааш ин иттиҳомотро беасос номида ва гуфтаанд, ӯ ба ҳайси журналисти мустақил мақолаҳои танқидӣ менавишт, вале "узви созмоне набуд ва бо ифротгароён иртибот надошт".

Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст. Ӯ дар гуфтугӯ бо матбуоти дохилӣ сиёсатҳои ҳукуматро ошкоро танқид мекард. Чандин созмони дигари ҳомии ҳуқуқ ва озодии баён ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошти Далер Шарифов, танқид карда ва хостаанд, ки ӯ билофосила аз боздошт раҳо карда шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли ахир барои саркӯби дигарандешон, маҳдуд кардани озодии баён ва таҳдиду таъқиби хабарнигорон пайваста танқид мешавад. Бо вуҷуди ин ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ озодии баён дар кишвар ҳамчунон рӯ ба таназзул дорад.

XS
SM
MD
LG